Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон намояндагиҳои СММ, Сети-Y-PEER дар Тоҷикистон, созмони ғайридавлати “Пешрафт”, Vortex ва дигар созмону намояндагиҳо чорабиние барпо шуд, ки дар он Китобхонаи миллӣ низ ширкат намуд.
Ин чорабиниҳо дар меҳмонхонаи Шератон дар чанд мавзуъ баргузор шуданд ва намояндагони шуъбаи хизматрасонии махсус бо шумули хонандагони доимии худ, се нафар дорои имкониятҳои маҳдуд Мавзунҷони Ғафурзод...
Омӯзиши бачаҳо барои сохтани ҳар гуна бозичаҳо ин ҳафта ҳам дар “Дастони моҳир” идома дошт. Мураббӣ ин бор тарзи сохтани моҳичаи тиллоиро омӯхт.
Аммо чун анъана мураббӣ аввал аз бачаҳо дар бораи моҳиҳо пурсон шуд ва хуусиёти моҳии тилло ва оё он дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё на, нақл кард.
Дар ин бора афсонаи омӯзандае аз Пушкин ҳаст, ки пирамарде чӣ гуна моҳии тилло ба шаст меорад
Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар чаҳор самт фаъолият мебаранд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кори шуъба ин саёҳат дар дохили Китобхона мебошад. Яъне, тарғиби фаъолияти китобхона тавассути ВАО, сайёҳат бо пешниҳоди маълумот барои меҳмонон дар дохили китобхона, ташкил ва мусоидат дар баргузории кулли чорабиниҳо ва ташкили намоиши китобҳо дар мавзўҳои мухталиф мебошад. Бояд зикр намоем, ки дар як сол ду маротиба дарҳои боз дар Китобхона доир мегардад. Дар ин вақт кормандони шуъба бо ёрии дигар кормандон меҳмононро ба гуруҳҳо тақсим намуда, ба онҳо китобхона ва шуъбаҳои онро нишон медиҳанд.