Эмомалӣ Раҳмон Темур Зулфиқоровро муборакбод кард

Имрӯз, 17-уми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров аввал телефонӣ дар тамос шуд ва ӯро ба муносибати 80-умин солгарди таваллудаш муборакбод кард.
Соате баъд сомонаи Садори давлат барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмонро интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: 

«Темур Қосимовичи азиз!

Шуморо ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно менамоям.
Шумо дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвари маҳбубамон мебошед, ки дар тайи умри бобаракататон ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед. Асарҳои офаридаи шумо ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудааст.
Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд.
Махсусан асарҳои шумо «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.
 

    Мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои шуморо мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд.
Бори дигар дар ин рӯзи муборак шуморо аз таҳти дил табрик гуфта, бароятон парвози баланди эҷодӣ ва саломатӣ орзу хоҳонам».
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе дида ба олам кушодааст. Падараш - Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Аммо соли 1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ бо туҳмати тройка чун душмани халқ ба қатл расид.  

Модараш – профессор Людмила Успенская - муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд.
Соли 1954 Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро тарк кард ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.

Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ, “Саробҳои ишқ, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило” мебошад. Бино ба иқрори худаш 30 китоби ӯ дар саросари олам ба теъдоди беш аз 1 миллион нусха бо маъруфтарин забонҳои олам тарҷумаву чоп шудаанд.

Ду маротиба Темур Зулфиқоров ба дарёфти ҷоизаи Нобел оид ба адабиёт пешниҳод шудааст.