Конфронси “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат...” ба анҷом расид

Субҳи имрӯз, 27 -уми феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон -Пешвои миллат ва нақши таърихии ў дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир гардид. Конфронс ба муносибати қабул гардидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо ташаббуси созмони ҷамъиятӣ ва байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» баргузор шуд. Дар оғоз суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ кард ва дар бораи зарурати таърихии ин қонун изҳори назар намуд. Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ, Ҳаким Мирсайдзод Саид, муовини вазири адлия, Маҳкам Маҳмудзода, Раиси суди Конститутсияонии кишвар, Абдураҳим Холиқзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд. Баъдан, маърўзаҳои як зумра намояндаҳои давлат, ки дар конфронс ҳузур доштанд, шунида шуд.