Шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 198 ҳазору 544 нафар расидааст

 

 Ин рақамҳоро дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Китобхонаи миллӣ, ки то зуҳри имрӯз баргузор шуд, профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ эълон кард. Вай гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ бо ба имрӯз 31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар аз 10 ҳазор нафар зиёд аст.

 Абдусалом Мирализода дар идомаи суханронии худ афзуд, ки дар давоми соли 2019 шумораи хонандагони ташрифоварда ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хидматрасонӣ 496 114 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 (472 800) 23 314 нафар зиёд буд. Ба ҳисоби миёна рӯзе 1 850 нафар вориди китобхона шудаанд. Ин афрод 820 ҳазору 137 китоб дархост кардаанд.

 Ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки фарогири толори хониш, толори тиб ва толори ҳуқуқ ва фалсафа мебошад, дар соли 2019 беш аз 141 589 нафар ташриф оварда, ба онҳо ҷиҳати дастрас намудани беш аз 182 722 нусха адабиёт хидмат расонида шудааст.

 Профессор Мирализода бо зикри он ки хонандагон таваҷҷуҳи бештаре ба китобҳои электронӣ ҳам доранд, афзуд, аз толори хониши электронии Китобхона ҳамарўза 360-550 нафар хонандагон истифода мекунанд. Тӯли сол дар толори хониши электронӣ ба 142 550 нафар хонанда – 115 905 нафар донишҷў, 19 540 нафар хонандагони макотиби миёна, 7 105 нафар аспирантон хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (141 940) 610 нафар зиёд мебошад. Хонандагони ташрифоварда дар толори электронӣ 427 650 маводи электронӣ истифода кардаанд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли гузашта (425 820) 1 830 мавод зиёд аст.

 Директори Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, таҳкими ғановати маънавӣ ва дар баробари омўзиши осори адибони классику муосири тоҷик, бо мақсади баркамол расонидани насли маърифатноку дар ҷомеаи муосири мутамаддин соҳибмақом ба азхудкунии осори адабиёти ҷаҳон низ афзалият дода мешавад ва ҳамин аст, ки яке аз номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” маҳз аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон интихоб гардида буд. Дар ин росто, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият мекунад, ҳамарўза ба толори калону барҳавои он теъдоди зиёди хонандагону шавқмандони адабиёти ҷаҳон ташриф меоранд. Дар давоми соли 2019 ба толори мазкур 30 057 нафар хонанда ташриф оварда, ба онҳо ҷиҳати мутолиа ва истифодабарӣ 19 027 нусха адабиёти хориҷӣ манзур карда шудааст. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба соли 2018 (28 972 хонанда, 13 952 адабиёт) мутаносибан 1 085 хонанда ва 5 075 адабиёт зиёд аст.

 Дар идомаи суханронии худ сарвари Китобхонаи миллӣ мухтасар дар бораи фаъолияти ҳамаи шуъбаҳои ин боргоҳи маърифат ибрози назар намуд. Баъзе бахшҳои ин суханрониро дар мавридҳои хос ёдовар хоҳем шуд.