Ҳадяи рамазонии Китобхонаи миллӣ ба кӯдакону наврасони мактаб-интернати ноҳияи Фархор

Яке аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон бахшишу ато аст. Ҳадя ба муҳтоҷон аз моле, ки мусалмон дар ихтиёр дорад. Садақа ба камбизоатон, то онҳо низ дар ин моҳ имкони таоми хуб хӯрдан ва оростани дастурхони рамазонӣ дошта бошанд.

Тибқи анъанаи пешниён ва фармудаҳои худову Расул (с) одатан мардум дар моҳи Рамазон ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд.

Ва ҳамин анъана солҳост, ки дар Китобхонаи миллӣ низ роиҷ аст. Дар арафаи Иди мубораки Рамазон бо ташаббуси маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ ба кӯдакону наврасони  мактаб-интернати ноҳияи Фархор ба миқдори муайян сарлу либоси варзишӣ кумак карда шуд.

Чуноне маълум аст, бар асари боришоти охир ва селҳои харобиовар ба хоҷагиҳо ва аҳолии ноҳияи Фархор зарарҳо расид. Одамон бесарпаноҳ монданд, молу амволашон зери об монд. Як сабаби интихоби ноҳияи Фархор ба кумак маҳз ҳамин офатҳои табиӣ буд.

Расонидани кумак ба ятимону бепарасторон ва муҳтоҷону дармондагон, хайру садақа ба афроде, ки мискину бенаво ва ё пиру барҷомонда дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти малакат ҳамвора сарватмандонро ба хайру садақа талқин мекунанд ва аз мардум мехоҳанд аз он чи доранд, ба дармондагон бахшанд.