Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ идома дод. Ин нишасти байналмилалӣ ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно бахшида шудааст.
Дар аввалин рӯзи ҳамоиш Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ суханронии ифтитоҳӣ дошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки “Мавлоно яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс буд ва дар Тоҷикистон ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор дода шуда, барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Симпозиуми имрӯза низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард”.
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Вай гуфт: «Мавлоно ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ пайваста бо теъдоди бузург нашр ва харидорӣ мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно».
Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани ин Симпозиуми муътабари илмӣ изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки «дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти ин нобиға дарак медиҳад».
Дар аввалин рӯзи ҳамоиш канори маърӯзаҳои илмӣ ширкаткунандагон ҳамчунин имкон доштанд аз намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно дидан кунанд.
Симпозиум баъд аз зӯҳри имрӯз ба кори худ поён медиҳад.