Activities calendar

24 октября 2018

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар

Ҳастии инсоният ва сарнавишти он фалсафаи ибратомўз мебошад. Инсон дар ҳаёти худ ба мушкилиҳо ва бурдбориҳои гуногун рў ба рў мегардад. Яке аз сабабҳои асосии мушкилоти ҷойдошта, ки дар баробари гирдоби кашмакашиҳои низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба ҳатарҳои экологӣ низ дучор гаштааст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чорунсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшани­диҳан­да, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву

Беш аз 150 китоби нави ноширони кишвар чун нусхаҳои ҳатмӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд

Дар моҳи октябри соли равон зиёда аз 150  адад  китобҳо чун нусхаҳои ҳатмӣ ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардиданд. Ин китобҳо аз интишороти “Душанбе” ,  ”Матбуот”, “Эр- граф”, “Адиб” ва “Маориф” ворид дастрас гардиданд.

Акнун хонандагон имкон доранд дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ китобҳои зеринро суроғ кунанд: