Кӯдакон ва наврасон бо ширкат дар маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо шоир ва нависандаи кӯдакнавис Муродалӣ Собир мулоқот карданд. Дар ин маҳфил, ки бо иштироки муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова доир шуд, сӯҳбат асосан сари эҷодиёти Муродалии Собир ва шеъри муосир барои кӯдакону наврасон гузашт.
Чанд сухан аз забони КИТОБ-и дар ҳасрати ХОНАНДА-и худ, ки бо эҳсосот мегӯяд: Авроқам ҳама куллан наву дастнорасида, муқоваам ба мисли рӯзи аввали харидаи соҳибам наву ялақосист, ҳатто ҳар як кунҷҳои он заррае ҳам лат нахӯрдаанд, қад нагаштаанд.
Ман якчанд сол аст, ки дар рафи китобмонии як утоқи барҳавои хонаи соҳибам ҷевони бузурги ин