Ҳасрати китоб

Чанд сухан аз забони КИТОБ-и дар ҳасрати ХОНАНДА-и худ, ки бо эҳсосот мегӯяд:  Авроқам ҳама куллан наву дастнорасида, муқоваам ба мисли рӯзи аввали харидаи соҳибам наву ялақосист, ҳатто ҳар як кунҷҳои он заррае ҳам лат нахӯрдаанд, қад нагаштаанд.

Ман якчанд сол аст, ки дар рафи китобмонии як утоқи барҳавои хонаи соҳибам ҷевони бузурги ин утоқро, ки чашму ҳуши ҳар як меҳмонро бо як дидан  мерабояд, «зебу оро» медиҳам. Соҳибам ману дигар ҳамроҳонамро бо як шавқу ҳавас мехараду якчанд саҳифаамонро дар оғоз варақ зада тафаккур мекунаду сипас ба ҳоли худамон раҳоямон месозад. Баъзеи дигарамонро бошад, ёру рафиқ, бузургон ва ё устодонаш барои хотира ва орзуи беш кардани дониши соҳибам ҳадя кардаанд. Ин гунаҳоро бошад, тамоман намехонад. Фақат ҳамон ҷоеро, ки дастхат ва таманниёт навиштаанд, бо иштиёқ мутолиа мекунаду бас.

Ҳамроҳони ман, ки қаблан сокини ин раф буданд, аллакай бар ин хулқи соҳибамон одат кардаанду худро дигар озурдахотир намесозанд, аммо ман бошам, аз рӯзи оварда шуданам ором шуда наметавонам. Виҷдонам намебардорад. Охир, агар ӯ моро нахонад, ҳеҷ суду нафъе набардорад, пас ба он нафаре диҳад, ки фоидаамон бирасадаш. Мехондагиҳо кам нестанд, пас чаро мо бояд дар ҷевони ӯ нақши олоти ороиширо бибозем?! Ҳар рӯз, ки мегузарад, бештар тоқатам тоқ гашта мехоҳам бо тамоми вуҷудам бар сараш фарёд бикашам:

-Эй бандаи ношукр. Бас будагист ҷоҳиливу ғофилӣ. Маро китоб гуфтаанд на «сувенир», мефаҳмӣ?!

 Аммо афсӯс, ки Холиқи якто бар ман дасту по ҷоиз надонистааст, вагарна ҳар як соҳиби китоб дур аз китобро зери лагаду мушти худ  қарор медодам, то одам шаванд.

Ҳамин тариқ, чандин замон, ки дидам аз соҳибам «умеди растагорӣ» нест, умеди дигарро дар худ парваридам. Мехостам, ки меҳмонони соҳибамро аз маънавиёту хирад шодоб гардонам. Аммо дӯстонаш ба мисли худаш будаанд.

Беҳуда дар васати мо ҳакимон нагуфтаанд, ки «Бигӯ, дӯстат кист, ман мегӯям, ки ту кистӣ!». Бештари лаҳзаҳои қабули меҳмон, вақте меҳмонҳо дохили ин хонаи барҳаво мешаванд, дар аввал ба қандилҳои қиммату ҷилодори сақфи хона ва пардаи хеле боҳашамат дӯхташудаи тиреза ва қолини зардӯхт бо ҳавас назар меафкананду саршор ғӯттаи ҳавову ҳаваси дунёи зебо гашта, бар соҳибхона каме ҳасад бурда, ками дигар ҳасрат хӯрда, сипас моту маҳбути ҳайбати зебоии ҷевони меҳмонхона гашта, ягон-ягон ба зарфҳои шишагии фарангӣ, сипас ороишоту ҳайкалчаҳо ва расмҳои аҳли хонавода назар афканда, билохира ба назди ман ва соири дӯстонам мерасанд. Дар баробари дидани мо онҳо ҳавасхӯриҳояшонро бо тааммул дур карда, аз қиёфаи якчанд лаҳза пеши худ, ки қариб буд оби даҳонашон сар кунад, дур шуда ба худ қиёфаи гӯё ҷиддӣ мегирифтагӣ барин мулоҳизакорона   каллаашонро ба самти чап хам дода, навиштаҷоти бари қади ман ва соири ҳамсафонамро хонданӣ мешаванд ва ахиран мавзӯи сӯҳбатро бо соҳибамон дар бобати мо шурӯъ мекунанд: «Китобҳои хеле ҷолиб!!! Аҳсан, ин қадар китобҳоро  кай тавонистӣ ҷамъоварӣ кунӣ, дӯстам? Китобҳои хеле муҳиму замонавӣ ва ҳамзамон маънавӣ, боз бо чанд забон, ҳам  классику ҳам муосир. Оҳо, ана инашро намегӯӣ (ба ман ишора карда мегӯяд)» ва соҳибамон ҳам аз ин таърифу тавсифҳои меҳмон хушнуд гашта, сӯҳбатро об медиҳад. Ман дар ин лаҳзаҳо хеле ба ҳаяҷон омада, шиддати хушнудиву сарбаландӣ фаро мегирадам, чун фикр мекунам, ки меҳмон  худи ҳамин лаҳза  дарҳол  маро барои мутолиа мегираду судамро бо ҳама нозукиҳояш бар ӯ мебахшам, аммо... ин инсонҳои.... охир чӣ гӯямашон, ки ҳатто қобили дашном, ки он ҳам дар шаъни ман нест, намедонамашон.

Ба ҷои он ҳама умедвориҳо, интизорӣ кашиданҳо дар пайи як хонандае ҳасрату ғазабу буғз домангирам мешаваду дигар чизе аз дастам намеояд. Онҳо бошанд, назди дастурхони пурнозу неъмат ёмбош мераванду механданду меболанду бо ин ғофилиашон ғарқи дунёи андешаҳои пучу тиҳӣ мегарданд. 

Хайр, ихтиёрашон. Ҳарчанд ман умедамро аз дидори хонандаи арзанда наканам ҳам, дилам ба соҳибаму ин гуна дӯстонаш реш-реш мешавад. Чӣ дунёву охирате онҳоро интизор аст, намедонам. Хеле хавотирам.

Мураттиб Сайзароб Надиров, мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ