Зери роҳбарии Донишгоҳи давлатии Ленинград ва Донишкадаи забоншиносии Академияи илмҳои Шўравӣ аз соли 1937 то соли 1940 доир ба шеваҳои (лаҳҷаҳои) гуфтории тоҷикони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, экспедитсияи диалектологӣ (лаҳҷашиносӣ) дар мавзўи «Очеркҳои диалектологии (лаҳҷашиносии) тоҷик» (Очерки по Таджикской диалектологии) гузаронида шуд, ки роҳбарии гуруҳи экспедитсиониро профессор И.И.Зарубин ба уҳда дошт. Расторгуева Вера Сергеевна донишманди иронишинос-тоҷикшинос, доктори илмҳои филологӣ, аъзои Академияи илмҳои Шўравӣ дар ин экспедитсия иштирок намуда, натиҷаҳои онро дар панҷ нашри алоҳида доир ба лаҳҷаҳои мардумони тоҷикро ба нашр расонида аст.
Соли 1952 аз ҷониби нашриёти Академияи илмҳои Шўравӣ дар шаҳри Москав зери муаллифии В.С.Расторгуева нашри якуми натиҷаи экспедитсияи чорсолаи лаҳҷашиносӣ, бо номи «Очеркҳои лаҳҷашиносии тоҷик. “Шеваи варзобии забони тоҷикӣ”» (Очерки по Таджикской диалектологии. “Варзобский говор таджикского языка”) ба нашр расид.
Китоби мазкур ҳамчун асари грамматикӣ ба ҳисоб рафта, дорои дастгоҳи маълумотдиҳии нашр, пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ ва мундариҷа буда, аз панҷ қисми асосӣ иборат аст. Китоб ба забони русӣ иншо шудааст, аммо баъзе аз мисолу масъалаҳо бо забони тоҷикӣ оварда мешаванд.
Дар пешгуфтор доир ба ҷараён ва чи гуна сурат гирифтани экспедитсия ва ишораи саҳми олимон дар гузаронидани экспедитсия, ба таври кўтоҳ маълумот оварда мешавад.
Мақолаи муқаддимавӣ аз ду мавзуъ «Шарҳи адабиётҳои лаҳҷашиносии тоҷикӣ» ва «Маълумоти умумӣ дар бораи Варзоб» таркиб ёфта аст. Дар ин қисмат роҷеъ ба асарҳои экспедитсионӣ ва экспедитсияҳое, ки доир ба забони тоҷикӣ бахшида шудаанд ва инчунин дар бораи мавқеъи ҷуғрофӣ, иқлим, фаъолияти бошандагони Варзоб ва деҳаҳои атрофи он сухан меравад.
Дар поёни мавзуъи «Шарҳи адабиётҳои лаҳҷашиносии тоҷик» фаъолияти библиографии муаллиф В.С. Расторгуева низ оварда шудааст. Ў шаш асареро, ки доир ба фолклори тоҷик таълиф шудаанд, муаррифӣ менамояд.
Хонандаи муҳтарам, барои кушоду равшан будани матлаб ин ҷо мехоҳем номгўй бобҳои асосиро, ки дар мундариҷаи ин асар дарҷ гардидаанд, манзуратон гардонем:
- Фонетика (Савтиёт).
- Ҳисаҳои нутқ (морфология ва унсурҳои синтаксис).
- Маълумоти кутоҳ дар бораи ҷумлаи синтаксис.
- Робитаи шеваи варзобӣ ба забони адабӣ ва дигар шеваҳои тоҷикӣ.
- Намунаҳои гуфтугўҳои нутқӣ.
Хотирасон менамоем, ки ҳар як боб ба зермавзўъҳо ҷудо мешаванд. Масалан боби дуюм аз фаслҳои «Ҳисаҳои номии нутқ», «(Феъл)», « (Зарф)», « (Калимаҳои ёридиҳанда)» иборат аст.
Ин асарро метавонанд муҳақиқони соҳаҳои забонишиносӣ, мардумшиносӣ, таърих, фолклор ва ғайра дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ ҳамчун як сарчашмаи дақиқ истифода баранд. Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар пайдо кардан ва ё мутолиа намудани ин асар, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муроҷиат намоянд.
Ин китоб ҳамчун асари нодир дар риштаи забонишиносӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешавад.
Фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз хазинаҳои гаронбаҳои миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои муҳақиқон метавонад як ганҷинаи кашфнашуда бошад. Дар ин ҷо асарҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки қимати баланди илмиро дар худ фарогир ҳастанд. Яке аз ин намуди асарҳо ин асарҳои экспедитсионӣ ва ё худ натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба Тоҷикистон ва берун аз он мебошанд.
Сайзароб Надиров, мутахассиси
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ