«Наврўз дар фарҳанг ва адаби тоҷик»
Нашр шуд 2016-03-16 19:33
Чунин ном дошт нишасти имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз баргузор шуда буд. Дар нишаст олимон, донишҷуён ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок карданд. Пажуҳишгарони тоҷик Назри Яздонӣ, Ҷамолиддин Саидзода, Ислом Юсуфӣ ва Наврўзи Ҷобир дар бораи таърихи Наврӯз, ҳикматҳои он, урфу одатҳои наврӯзӣ ва саҳми шахсиятҳо дар ҷаҳонишавии Наврӯз суҳбат карданд. Чунончӣ, Ҷамолиддин Сайидзода дар мавзуъи “Наврӯз дар китобҳо” суҳбати ҷолибу дилнишине кард. Мавзуъи суҳбати Назри Яздонӣ “Наврӯз ва ваҳдати миллӣ” ном дошт. Вай гуфт, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ ваҳдати инсонҳост, то талош кунанд ранҷишҳову кудуратро аз дилҳо бишӯянд ва бо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар баранд. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки ҳама талоши Пешвои миллат ва манзураш аз густарда ҷашн гирифтани Наврӯз ин таъмини ваҳдат миёни сокинон ва ободии мулк аст. Донишманди тоҷик Ислом Юсуфӣ дар мавзўи «Васфи Наврўз дар ашъори шоирони тоҷик» ва рўзноманигор ва муҳаққиқи ҷавон Наврўзи Ҷобир доир ба «Саҳми Буринисо Бердиева дар тарғиби ҷашни Наврўз» суханронӣ намуданд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ бори дигар ёдоварӣ аз суннатҳо, ваҳдатофарӣ, ҳифзи мероси ниёгон ва васфи Наврўз дар ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик буд. Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ барҳақ ба он ишора кард, ки зикри Наврӯз дар садҳо китобҳои муътабар омада ва шарҳу баёни илмиву мантиқӣ ёфтааст. Дар поёни ҳамоиш миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор баргузор шуд ва ҳозирон ба саволҳои худ аз меҳмонон посухҳо гирифтанд. Суратгир Хусрави Милод