Ин китоб ба тозагӣ дар нашриёти “Маориф”-и шаҳри Душанбе чоп шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ амалан бунёд шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро гирифт. Ба қадри ў расидан, номи ўро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ўро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Китоби мазкур ҳамчун тасдиқи қабул шудани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», ки 9- уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намоляндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, таҳия шудааст ва он силислаи маколаҳои арзишманди олимон ва ҳамчунин
Китоби мазкур дар таҳияи муҳаққиқони тоҷик Баҳром Раҳматов ва Идибек Шехимов соле пеш дар шаҳри Хуҷанд интишор ёфт.
«Муқаддимаи Камолшиносӣ» фарогири муҳимтарин аснод, маълумот ва таҳқиқот дар мавриди рўзгору ашъори Шайх Камоли Хуҷандист. Китоб барои ҳар нафаре, ки дар ҷодаи камолшиносӣ таҳқиқ анҷом медиҳад, манбае муҳим ва раҳнамое судманд мебошад.
Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз шуарои бузурги форс-тоҷик буда, дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас , таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст.
Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Ал-кашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.
Камол пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез
Китобест аз профессори зиндаёд Абдулманнон Насриддини Хуҷандӣ. Дар ҳаҷми 512 саҳифа соле пеш дар Хуҷанд ба нашр расидааст.
Марҳум Абдулманнон Насриддин аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони осори адабиёти классикии тоҷик буд, ки хеле бармаҳал дида аз олам баст.
«Тазкираи шуарои Хуҷанд»-и ӯ муҳимтарин ва ҷомеътарин таълифест, ки дар заминаи маърифати суханварони Хуҷанд ба қалам омадааст. Китоб дар шинохти мақоми донишмандони тоҷик дар ташаккули илму адаби ҷаҳонӣ, таҳаввули назму насри форси тоҷикӣ, мероси нодири илмӣ- адабӣ, заминаҳои илмӣ дар таълифи таърихи ҷомеи адабиёт ва фавоиди дигар манбаи хеле арзишманд мебошад.
Китоб барои адабиётшиносон, муҳаққиқони таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳамаи дилбастагони маърифат нукоти тозаву омўхтаниро арза медорад.
Профессор Абдулманнон Насриддин муаллифи 25
Китоби Феридун Ибни Аҳмади Сипаҳсолор, бо номи “Рисолаи Сипаҳсолор” бидуни шак яке аз қадимтарин ровиёни зиндагиномаи Мавлоно Мавлавии Балхист, ки ахиран дар Хуҷанд интишор ёфтааст.
Аз вуҷуди ин рисола хеле пештар сарчашмаҳо хабар медоданд, вале дар Тоҷикистон бо хати имрӯз тоза нашр шуд.
Муаллиф мегӯяд муддати чандин сол муриди Мавлонои Балх будаву аз файзи суҳбат ва дониши вай баҳраҳо бурдааст. Он чизе навиштаааст, худ шоҳиди он буда ва дар нақли Сипаҳсолор пажуҳишгарони осору зиндагии Мавлоно хеле кам афкори зидду нақизро пайдо кардаанд.
Таърихи таълифи ин китоб дақиқ мушаххас нест, вале чун Сипаҳсолор муриди Мавлои Рум буд, яқинан онро замоне таълиф кардааст, ки аз даргузашти пираш муҳлате нагузаштааст.
Бисёре аз муҳаққиқони осори Мавлоно аз ин рисола ба унвони муътамадтарин ...
Ин китоб дар Хуҷанди бостон нашр шудааст ва мураттибонаш мегӯянд чароғи раҳнамоест, ки аз равғани андешаи муаллими бузурги инсоният - Шайх Саъдӣ мунаввар гаштааст. «Достонҳои далангез аз Бўстон»-и Шайх Саъдӣ» барои ҳамагон, чӣ пиру чӣ ҷавон, фоидаҳои фаровон дорад.
Раҳнамои судмандест барои худшиносии инсон ва дарёфту пизириши маърифату ахлоқи нек.
Шайх Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои осораш, аз ҷумла “Гулистон” ва “Бӯстон” ба забонҳои мухталифи аврупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.
Мегӯянд вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотин тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ пас аз мутолеаи он чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутаъаллиқ ба яке аз паёмбарони Бани Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст.
Муаллифи китоби “Гулшани тавҳид” Иброҳим Шоҳидии Муғлавист. Ин китоб соле пеш дар чопхонаи “Вектор-Канд”-и шаҳри Конибодом чоп шудааст. «Гулшани тавҳид» - яке аз шарҳҳои марғуб ва хуби «Маснавии маънавӣ»- и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аст, ки дар садаи ХVI мелодӣ ба забони форси тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф аз ҳар дафтари «Маснавии маънавӣ» сад байт баргузида, ҳар байтро бо панҷ байт шарҳ додааст. Дар китоби мазкур зиёда аз шашсад байти «Маснавӣ»-и Мавлоно овардаву тавсир шудаанд. Ин аввалин нашри китоби “Гулшани тавҳид” дар кишвари мост ва ноширон мегӯянд ба умеди баҳрабардории ҳамаи дилбастагони адабиёт ва фарҳанги миллӣ даст ба ин кор задаанд.