Ровии зиндагиномаи Мавлоно

Китоби Феридун Ибни Аҳмади Сипаҳсолор, бо номи “Рисолаи Сипаҳсолор” бидуни шак яке аз қадимтарин ровиёни зиндагиномаи Мавлоно Мавлавии Балхист, ки ахиран дар Хуҷанд интишор ёфтааст.
Аз вуҷуди ин рисола хеле пештар сарчашмаҳо хабар медоданд, вале дар Тоҷикистон бо хати имрӯз тоза нашр шуд.
Муаллиф мегӯяд муддати чандин сол муриди Мавлонои Балх будаву аз файзи суҳбат ва дониши вай баҳраҳо бурдааст. Он чизе навиштаааст, худ шоҳиди он буда ва дар нақли Сипаҳсолор пажуҳишгарони осору зиндагии Мавлоно хеле кам афкори зидду нақизро пайдо кардаанд.
Таърихи таълифи ин китоб дақиқ мушаххас нест, вале чун Сипаҳсолор муриди Мавлои Рум буд, яқинан онро замоне таълиф кардааст, ки аз даргузашти пираш муҳлате нагузаштааст.
Бисёре аз муҳаққиқони осори Мавлоно аз ин рисола ба унвони муътамадтарин сарчашма дар шинохти пири Румӣ ёд кардаанд.