Имрӯздар толори бахши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонбахшида ба чашни наврўзи байналмилалӣ, чорабинии фарҳангӣдар мавзўъи Наврўз аз нигоҳи кўдакон ва наврасон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкуранъанаҳои миллии наврўзӣ аз қабили дастархони ҳафт сину ҳафт шин, либосҳои миллии тоҷикӣ ва асбобҳои мусиқӣ банамоиш гузошта шудаанд.
Директори Муассисаи Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар суханронии худмеҳмонону кормандонро ба ин ҷашни фирўз табрикнамуд.Вай аз Наврӯз ба унвони ҷашне ёд кард, ки чун баҳор нафаси сабз дорад ва ин сабзӣ нишон аз ҳаёти сабзу хуррами инсон аст.
Наврўз яке аз ҷашнҳои миллие мебошад, ки ҳамасола дар таърихи 21-уми март бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Имсол 21-уми март ба рўзи душанбе рост меояд. Ҷашнгирии иди Наврўз дар рўзҳои хоссаи ҳафта нишонаҳои фаровонии заръу зироат ва эҳёи табиати соли ҷориро низ дар бар доштааст. Куҳантарин «Наврўзнома» ба Ҳаким Тирмизӣ дар садаи сеюм мерасад, ки ба баҳси толеъбинӣ дар наврўз мепардозад. Наврўзноманависӣ дар асри...