Ҳикмати Наврӯз дар рӯзи душанбе

Наврўз яке аз ҷашнҳои миллие мебошад, ки ҳамасола дар таърихи 21-уми март бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Имсол 21-уми март ба рўзи душанбе рост меояд. Ҷашнгирии иди Наврўз дар рўзҳои хоссаи ҳафта нишонаҳои фаровонии заръу зироат ва эҳёи табиати соли ҷориро низ дар бар доштааст. Куҳантарин «Наврўзнома» ба Ҳаким Тирмизӣ дар садаи сеюм мерасад, ки ба баҳси толеъбинӣ дар наврўз мепардозад. Наврўзноманависӣ дар асри Сафавӣ ривоҷ пайдо карда, дар он замон «Наврўзия» низ мегўфтанд. Хостем оид ба рўзи душанбе рост омадани Наврўз ва чи хусусият доштани онро аз нигоҳи Абдулҳакими Тирмизӣ (Нусхаи чопи сангии шумораи 1359-уми шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ) пешкаши хонандангон гардонем. Ҳаким Абдулҳакими Тирмизӣ роҷеъ ба рўзи душанбе рост омадани наврўзро дар асари худ «Наврўзнома» чунин баён намудааст:

Рўзи душанбе шавад Наврўз,
Соҳибаш моҳтоби шабафрўз.

Саратон аст толеъаш обӣ,
Кори ў сар ба сар ҳама хубӣ.

Ҷумла шоҳон бакуввату азамат,
Нек гардад ба давлату шавкат.

Об гардад фарох аз борон,
Гаштӣ ба он судманд оби равон.

Кам шавад ҳарбу фитнаву ошуб,
Чумла фориғу заҳматат дилкуб.

Меваҳо хуб, нарх арзонӣ,
Кори деҳқон ҳама фаровонӣ.

Нек ояд зи пумбаву кунҷид,
Нафъ гиранд ҳар ки кард бичид.

Лек бошад зиёни гандуму ҷав,
Нарх ёбад азон зи кўҳнаву нав.

Гармии офтоби тобистон,
Бигзарад аз ҳади зироат дон.

Байни мардум шавад зи беморӣ,
Дардмандӣ кашанд, бозорӣ.

Кайку муру малах шавад бисёр,
Ҳам зи замбуру каждумон эй ёр.

Сард гардад ҳаво ба вақти хариф,
Бар гиёҳу набот гашта ҳариф.

Бизанад ончи мондааст аз кишт,
Ҳар киро мондааст зи даст биҳишт.

Дар зимистон хунук шавад афзун,
Ях кунад сахт Даҷлаву Ҷайҳун.

Мардуми куҳҳо накў бошанд,
Ў зи бемориҳо раҳо бошад.

Шарм дорам аз ин навишти худ,
Ман надонам зи сарнавишти худ.

Он чи дар нусха буд бинвиштам,
Нест аз сидқу кизб дар муштам.

Олами кул Худои аллом аст,
Бо ҳама меҳр боинаш ом аст.

Тақдим аз Шуъбаи дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: