Кӯчактарин Қуръон дар Китобхонаи миллӣ 1,6 грамм вазн дорад

Хурдтарин нусхаи чопи сангии Қуръони карим дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки бо хурдӣ ва зебогии махсус диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Андозаи дарозии ин китоби муқаддас 1,8 см буда, бараш 1,2 см ва вазнаш 1,6 грамм мебошад.
Дар ҳар як саҳифа 12 сатр навишта шуда, дар анҷомаш 10 муҳри курашакл зада шудааст.
Ин китоб аз 292 саҳифа иборат буда, эҳтимолан дар аввалҳои асри ХХ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ба табъ расидааст.
Дурдона мукаммалу зебо буда, бо навъи насху настаълиқи хушхат навишта шудааст, ки тавассути заррабин онро метавон хонд. Дар аввалҳои китоб лавҳаи унвони дилпазир ва гирдогирди матни дохилаш ороишҳои гулкорӣ ҳастанд.
Китоби мазкур дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 9788 ба қайд гирифта шудааст.

Раҷабалӣ Додихудоев,
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: