Шасту се навъ ҳунари хаттотии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд. Дар он 63 навъи хати арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кўфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳаммият холӣ нест.

Агар чанге ба таърих, тамаддун ва фарҳанги башарӣ дар сарчашмаҳои мухталифи дар арсаи ҷаҳонӣ бизанем, шоҳиди он мешавем, ки ниёгони барҷастаи мо дар тули 14 қарни гузашта аз худ мероси гаронбаҳое дар самтҳои мухталиф бо салоиқи вижа боқӣ гузоштаанд. Аз қабили осори бостонӣ, меросҳои мактуби фарҳангӣ ҳамчун нусхаҳои хаттӣ, катибаҳо ва монанди онҳо. Вале мутаасифона, қисмате аз ин осори куҳан бо сабаби офатҳои табиӣ ва башарӣ бо гузашти замон аз байн рафтаанд.  

         Боиси сарфарозист, ки имрўз дар тамоми донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ мутолиаи ин осори арзишманди ниёгон ба роҳ монда шудааст. Ва ҳар яке аз ин мероси илмӣ-фарҳангӣ дар танҳоӣ мавзўи садҳо, балки ҳазорон пажўҳиш дар самтҳои мухталифи илмӣ, ҳамчун меъморӣ, бостоншиносӣ, ва нусхашиносӣ мебошанд.

           Тавре, ки ба мо маълум аст, аз миёни осори гуногуни фарҳангӣ, мероси мактуб, бахусус нусхаҳои хаттӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор ҳастанд. Нусхаҳои хаттӣ аз он ҷо аҳаммияти вижа пайдо мекунанд, ки дар баргаҳои заррини худ мероси ниёгони бузурги  як миллатро дар мавзуоти мухталифи илмӣ ба намоиш гузошта, ба мисли амонатдоре ба наслҳои баъдӣ медиҳад ва ба таъбири дигар ҳуввияти фарҳангӣ-илмӣ  ва таърихии як миллати бостониро дар миёни ҳофизаи таърихӣ дар саҳифаҳои ин мероси куҳан метавон ҷустуҷў кард.

         Бо ба даст омадани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконоти хубе барои ҳифзу нигоҳдории осори арзишманди гузаштагонамон фароҳам оварда шудааст. Таъсиси фондҳои нигоҳдории осори хаттӣ дар марокизи илмӣ-фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки дар кишвар барои ҳифзи арзишҳои волои ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумлаи чунин марказҳои нигоҳдории мероси хаттӣ шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷкистон ба ҳисоб меравад, ки дар он теъдоди зиёди нусхаҳои хаттӣ дар шароити созгор ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки яке аз нусхаҳои хаттӣ нусхаи хаттии «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ мебошад. Ин нусха дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи мазкур ба намоиш гузошта шудааст.

         Яке аз суханварони нозукбаёну нуктасанҷи тоҷики охири қарни XIX ва аввали қарни XX Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ мебошад. Ў соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти ноҳияи Темурмалики Хатлонзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шоир таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои сайқали дониш ва касбу ҳунар ба Бухоро сафар намуда, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсили илм намудааст. Ў дар баробари аз худ намудани улуми расмии замонааш инчунин ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро меомўзад. Баъд аз сафарҳои тулонӣ ва касби илму дониш дар Миср, Фаронса ва Арабистон ба зодгоҳаш деҳаи Кангурт баргашта, дар он ҷо ба касби мударрисӣ машғул мешавад. Аз Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн осоре чун манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва рисолаи «Ашколи хутути исломия» боқӣ мондааст. Ҳоҷӣ дар миёни солҳои 1917-1922 вафот намуда, оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш  то ҳол побарҷост.  

Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд. Дар он 63 навъи хати арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кўфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳаммият холӣ нест.

         Нусхаи мукаммал буда,  соли  1906 дар Бухоро ба қалами худи муаллиф китобат шудааст. Матни рисола баъзан ба забони арабӣ мебошад. Коғазаш ғафси шарқӣ, вале варақҳои 9 а-11б коғази замонавии нафис аст. Муқовааш аз картони ҳозиразамони сафед ва шерозааш аз лидерини сафедча мебошад. Дар аввалу охири асар баъзе қайдҳои ҷудогона ва аз ашъори Ҳофизи шерозӣ намунаҳо оварда шудаанд.

         Ҳаҷмаш 13,5 x 22,5. Ҳаҷми матн бидуни ҳошия 8 x 16. 14 вар. Дар ҳар рўи варақ  аз 5 то15 сатрӣ китобат шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки асари мазкур 14-уми ноябри соли 1958 аз ҷониби сокини шаҳри Қурғонтеппа харидорӣ шуда, дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 492 нигоҳдорӣ мешавад.

         Хулоса, рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртиро дар илми хаттотӣ бешубҳа метавон яке аз намунаҳои барҷаста шуморид.

Ҳадиятуллоҳи АМРИДДИН,
Корманди шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

 

Барчаспҳо: