Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар...

Чун имрӯзҳо дар ҷомеаи муосир беэҳтиромиву беқадриро нисбат ба зан-модар қариб ҳар рӯз дар радиову оинаи нилгун мебинему мешунавем ва ё дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ мехонем, воқеан ҷойи таассуф аст, ҳатто боварнокарданист.
Зан - Модар бо як умед ва машақатҳои зиёди даврони бордорӣ, ки ин дарду азобашро танҳо модар худ медонаду эҳсос мекунад, фарзанд мезояд то чароғи пайраҳаи зиндагиаш равшан бошаду мададгори даврони пирӣ гардад. Аммо бо гузашти рӯзҳо  чи муомилаи бадеро аз фарзанди хеш мебинад, ки фазои зиндагиаш ба торикии зиндон мубаддал хоҳад шуд. Банда низ хостам перомуни ин мавзӯъ чанд нуктаеро дар васфи зан-модар ва ҷойгоҳи эшон дар зиндагиро ироа намоям.
Чаро мо аз он бехабар мондаем, ки модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷоннисории  модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон!
Зан – модар асоси зиндагонии мо, гули ботаровати ҳаёт ва сарчашмаи хушбахтии инсоният мебошанд.
 Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида ва аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад!  
Модар - ту сарчашмаи ҳаёти мо ҳастӣ ва ҳаёти мо ба ту вобаста аст.
Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад. Чи хуб буд,  барои тасдиқи ин суханҳо боре ба ҳуҷрае ворид шавем, ки модар он ҷо набошад ва бубинем чигуна эҳсосе хоҳем кард ва ҳамчунин ба ҳуҷрае ворид шавем, ки модар он ҷо бошад, пас ҳардуро муқоиса кунем. Яқинан метавон гуфт, ки вақте модарро дохили ҳуҷра бубинем, эҳсос хоҳем кард, ки модар равшандиҳандаи хонадон, қуввату мадори дилҳои мост. Чуноне  бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хушӣ ва рушноӣ вуҷуд надорад». Модарон шамъу чароғи хонадонанд.
 Аммо ҷои тааҷҷуб аст, ки имрӯз модар аз дасти фарзанде, ки бо як умеду орзӯ ба воя расондааст, ба қатл мерасад, хориву зориро мебинад. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз он ҳама беэҳтиромиҳо ва беқадриҳое, ки ба зан-модар ба чашм мерасад, ин беэҳтиромӣ нисбат ба модарони солхӯрдаанд, ки аз кӯчактарин саҳлангорӣ ва сухани нодурусташон мо асабониву ғазаб карда, бо як чашми ҳасад менигарем ва бо суханҳои дуруште қалби  модарро меранҷонему оби дидаашро мерезонем, ки набояд чунин бошад. Ман, ки қадраш надонам, ту қадраш надонӣ, кӣ қадраш донад ?
Ҳангоме, ки сухани онҳо нодуруст аст, фақат мулоиматии тамом бо онҳо онро фаҳмондан лозим асту бас. Байни зан – модар дар ҳадди эътидол муносибат кардан сабаби сулҳу оромии оила мешавад ва ба ин васила тамоми кишвар ба як ҷомеаи маданӣ табдил меёбад.
Дар ривояте омадааст, ки модаре намехост дар айёми пириаш хориву беэҳтиромиро аз фарзанди хеш бубинад, бо тааҷуб аз ӯ чунин хоҳишу таманниёт кард: «Фарзанди азизам, замоне умрам ба пирӣ расад ва маро пиру аз кор афтода дидӣ ва ҳангоми ғизо хурдан либосҳоямро касифу ифлос кардам ва ё натавонистам либосҳоямро бипӯшам ва агар суҳбатҳоям такрор ва хастакунанда бошанд, сабур бошу даркам кун! Ёдат бошад, дар айёми хурдсолиат ту ҳам либосҳоятро ифлос мекардӣ ва маҷбур мешудам рӯзе чанд маротиба онҳоро иваз кунам. Барои саргармӣ ё хобониданат маҷбур мешудам такрор ба такрор достонеро бароят таъриф кунам. Вақто бехабар аз пешравиҳои дунёи имрӯза суоле кардам, бо тамасхур бар ман манигар. Вақте барои адои калимот ё матлабе ҳофизаам ёрӣ накунад, фурсат бидеҳ ва дарҳол ғазаб карда асабонӣ машав. Вақте пойҳоям тавони гаштугузор надоранд, дастонатро ба ман бидеҳ ҳамон гунае, ки ту аввалин қадамҳоятро дар канори ман бармедоштӣ. Аз ин ки дар канори ту ва  муҳтоҷи ту ҳастам, хаставу нороҳат мабош, ёриам кун ҳамонгунае, ки ман ёриат кардам. Кумакам кун то ба неруву шикебоии ту ин пайраҳаи ҳаётамро ба поён бирасонам. Фарзанди азизу дилбандам, дустат дорам».
Эй кош ин панду насиҳати модар ҳамеша дар гӯши ҳар яки мо садо диҳад, то дар дами пириашон асои соябони сари онҳо бошем ва  бо дурустрафториву нармдилӣ ба паҳлӯи модар биншинему ба заҳматҳое, ки дар айёми тифлиамон кашиданд, ташаккур гуфта чунин бигӯем: Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам, дар парешонҳолӣ шарикам, дар ғаму андӯҳ лаззатам ҳастӣ, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам ҳастӣ. Ту худ ҷон ба каф гирифта маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсудаат ҳимояам кардӣ - модар, сипосгузорам аз заҳматҳоят. Пас бароям дуое бидеҳ то саодатмандиву баракати зиндагӣ насибам бошад.  
Ҳазорҳо инсонҳо аз дуои модар як мақому мартабаеро дар ҷомеаи худ соҳиб шудаанд, ба монанди Абусаид Абулхайр, Увайси Қаранӣ, Аллома Замахшарӣ ва дигарон, ки мо барои мисол қиссаеро аз саргузашти ин бузургон зикр хоҳем кард.
Абусаид Абулхайр марди фозил, донишманду шуҳратманде буд, ки аз ӯ суол карданд: Ин ҳусни шуҳратро аз куҷо овардӣ ?
Абусаид дар посух гуфт:
Шабе модарам аз ман об хост, даққиқае тӯл кашид то об оварам, вақте ба канораш рафтам, хоб модарро даррабуда. Дилам наёмад, ки бедораш кунам, ба канораш нишастам то субҳ шуд. Модар чашмони хешро боз кард ва вақте косаи обро дар дастонам дид, пай ба моҷаро бурд  ва гуфт: фарзандам, умедворам, ки номат оламгир шавад. Аз ин рӯ Абусаид марди орифу хирадманд шуҳрати хешро аз дуои модар медонад.
Дар охирсухан аз Парвардигори маннон хоҳони онам, ки зеботарин лаҳзаҳои зиндагиро баҳри модарон насиб гардонад, зеро зеботарин ва ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёташонро ба хотири мо аз даст додаанд.

Раҷабалӣ Додихудоев,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: