Теъдоди нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангии Китобхонаи миллӣ 367 адад афзудааст

Зарфи бештар аз се соли ахир теъдоди нусхаҳои хаттӣ дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 2200 то 2576, яъне 367 адад афзудааст. Теъдоди китобҳои чопи сангӣ низ ба ҳамин миқдор зиёд шудааст. 

Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз аҳолӣ 26 адад нусхаҳои хаттӣ ва 13 адад китобҳои чопи сангӣ дар мавзўҳои гуногун харидорӣ гардид, ки қадимтаринашон китоби «Анвору-т-танзил ва асрору-т-таъвил»-и Носируддин Абулхайр Абдуллоҳ ибни Абулқосим Умар ибни Маҳмуд ибни Абулҳасан Алии Байзовӣ мебошад.

Инчунин аз аввали моҳи апрел то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ аз аҳоли 68 адад нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки онҳо дар ҳоли таҳқиқу омўзиш қарор доранд ва рўзҳои наздик ба комиссияи харидории китоб пешниҳод хоҳанд гашт.

Дар баробари ин 22 адад гузинаи электронии нусхаҳои хаттии нафису камёбро аз китобхонаҳои хориҷи кишвар ба шуъба ворид намуданд, ки дар оянда барои донишмандону муҳаққиқон кумаки бештаре хоҳанд кард.  

Гуфтанист, ки моҳи майи соли 1933 дар сохтори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таъсис  ёфт, ки барои ҳамаҷониба гирдоварӣ намудани нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ (литогрофӣ), амиқ омўхтани ва ба ихтиёри аҳли илму адаб қарор додани онҳо марҳилаи тозае буд. Бо фармони махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалҳои соли 1953 тамоми нусхаҳои хаттие, ки то он замон гирдоварӣ шуда буданд, ба ихтиёри Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон супурда шуданд.

Солҳои баъдӣ захираҳои шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бори дигар бо кумаки китобдўстони шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон ва берун аз он, китобхонаҳои дигар ва кӯшиши ҳамаҷонибаи кормандони илмии он, ба хусус собиқ сардори шуъбаи мазкур, номзади илмҳои филологӣ марҳум Абдуллоҷон Юнусов сол аз сол афзуд. Феълан дар ганҷинаи шуъба зиёда аз 2500 нусхаҳои хаттӣ ва ҳудуди 2300 китобҳои чопи сангӣ (литографӣ) мавҷуданд. Аксари ин нусхаҳои хаттӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудаанд. Дар байно онҳо осори доир ба илми дин, фалсафа, мантиқ, таърихи умумӣ, таърихи Осиёи Марказӣ, кишварҳои Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва дигар мамолики Шарқ, ҳамчунин илмҳои риёзиёт, нуҷум, забону адабиёт, бахусус осори гаронбаҳои ниёгонамон мавҷуд аст.

Таърихи китобати дастанвиси аксар асарҳои бойгонии Китобхонаи миллӣ ба асрҳои XIII - XIX ва то аввалҳои асри XX  мансубанд.

Баъд аз ифтитоҳи китобхонаи замонавӣ, яъне Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар таърихи 20-уми марти соли 2012, кормандони шўъба вазифадор гаштанд, ки ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои нодир аз аҳолиро идома диҳанд.

Барчаспҳо: