Баланд аст аз фалак номи муаллим...
Ҳангоме ки ба ҳаёту фаъолияти бархе аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии тоҷик шинос мешавем, шоҳиди он мегардем, ки на танҳо тавассути осори безаволашон дар рушди забони миллати хеш ҳиссагузор гардидаанд, балки бо роҳи тайкардаи эҷодӣ, рўзгор ва зиндагиномаи хеш дар дилу дидаи ин халқи фарҳангдўст ҷой гирифтаанд.
Дар ҳақиқат, устоде, ки донишҷўро ба ҳисси баланди ватандориву ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд, дар ҳамаи давру замонҳо аз тарафи халқу миллати азизаш чун накўтарин инсон қадрдонӣ мешавад. Бе муболиға донишманди шинохтаи улуми лисонӣ, арабшинос, доктори илми филология, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ аз зумраи ҳамин гуна ашхоси саодатманд аст, ки дар дилу дидаи мардуми фарҳангдўсти тоҷик бо офаридаҳояш абадӣ ошён гузоштааст.
Устоди наҷибро банда аз солҳои донишҷўиям мешиносам, ки моро аз фанни таърихи шарқшиносӣ ва мадхали тахассус дарс мегуфтанд. Ва аз нахустин соати дарсгўйиашон бо хислатҳои неки инсонпарварона ва маслиҳатҳои наҷибонаашон донишҷўёнро ба сўйи илмомўзӣ, ватандўстӣ ва соҳибмаърифатӣ даъват менамуданд. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ олими пуркор ва фидоӣ аст, ки пайваста дар ҷустуҷўи илм ва таълифи асарҳои гуногун буда, ба туфайли тадқиқоти бунёдии хеш дар улуми забоншиносии тоҷику араб ва ҳамчунин, дар илми фалсафаву ховаршиносӣ мақоми хосса доранд.
Профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дар риштаи забоншиносӣ ва фарҳангнигориву ховаршиносӣ як қатор таҳқиқотҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд. Яке аз таълифоти бисёр муҳим ва нодир, ки маҳсули беш аз 15- сола заҳмати ин марди донишварз, ки дар тӯли таърихи миллати тоҷик бори нахуст пешкаши аҳли илму адаб ва фарҳанг гардид, таълифи “Фарҳанги шомили муосири забони арабӣ” мебошад. Ин фарҳанг бори аввал соли 2005 бо номи «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ”, ки шомили беш аз 70 000 калима ва бори дуввум дар соли 2010 бо номи «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ”, ки зиёда аз 100 000 калимаро фаро мегирад, чоп шудаанд. Ҳамчунин, шакли мухтасари фарҳанги мазкур бо номи «Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ», ки дар он 30 000 калима ҷамъоварӣ шудааст, соли 2008 аз чоп баромад ва фарҳанги мазкур чӣ аз ҷиҳати сохтор ва чӣ аз ҷиҳати мавод камназир буда, бо назардошти бозёфтҳои забоншиносии муосир ва фарҳангнигории арабӣ тартиб дода шудааст.
Шоистаи тазаккур ва хушбахтӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ ба тартиб додани фарҳанги сезабона бо номи «Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ – тоҷикӣ – русӣ», ки фарогири беш аз 120 000 калима мебошад, машғул ҳастанд ва он на танҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии рус низ беназир хоҳад буд. Ғайр аз ин, устод барои тартиб додани «Фарҳанги муосири тоҷикӣ – арабӣ», ки фарогири 40 000 калима мебошад, машғул буда, як бахше аз он ба сомон расидааст ва умед ҳаст, ки солҳои наздик дастраси ҳаводорон гардад.
Хизмати профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дар тайёр ва ба камолрасии муҳаққиқони бахши забоншиносӣ низ хеле назаррас аст. Таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии ў чандин нафар аз дохил ва хориҷи кишвар рисолаи номзадию докторӣ дифоъ кардаанд, ки банда низ яке аз шогирдони устод мебошам.
Соли аввали таҳсил дар риштаи аспирантура барои интихоби роҳбари илмӣ хеле танқисӣ кашида будам. Рўзе сарсону саргардон ба факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ Шарқшиносӣ) рафтам. Устод Сулаймонӣ дар кафедраи филологияи араб бо ҷамъи устодон нишаста, сари мавзўе суҳбат мекарданд. Банда бо камоли эҳтиром салом дода, вориди кафедра шудам. Чун устод Сулаймонӣ маро диданд, суҳбаташонро бурида, ба ман мутаваҷҷеҳ шуданд ва пурсиданд:
- Шогирд, оё роҳбари рисолаи илмиатро муайян кардӣ?
- Ҳоло ҳам пайдо накардаам, - бо садои хаста ҷавоб додам, ман.
Ў гуфт: “ Ман дирўз каме фикр кардам ва мавзўе ба сарам омад, ки бояд ту дар риштаи адабиётшиносии муосир таҳқиқот анҷом бидиҳӣ”.
Аз ин меҳрубониву ғамхорӣ ва сухани неки устод чунон хурсанд шудам, ки аз шодӣ дар кафедра нағунҷидам. Устод Сулаймонӣ бо табассум суханашро давом дода, гуфт: “Тахассуси ман агарчӣ забоншиносӣ аст, вале туро дар риштаи адабиётшиносӣ роҳнамои карда, роҳбарӣ хоҳам кард”.
Ӯ мавзўи рисолаи илмиамро дар қоғазе навишта, ба дастам супурд. Баъд аз шунидани ин каломи нек ва пешниҳоди мавзўъ аз ҷониби устоди фозилу донишманд Сайидраҳмон Сулаймонӣ шодикунон аз кафедра бадар шуда, аз пайи ҷустуҷўи маводи лозима гардидам.
Рўзҳо мегузаштанд, ҳамсабақон ва устодони дигаре, ки ба ман тадрис дода буданд, аз таҳқиқоти илмӣ ва роҳбари кори илмиам мепурсиданд. Вақте ман бо завқ мегуфтам, ки профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ роҳнамои кори илмиам аст, онҳо мегуфтанд: воқеан ҳар аспиранте, ки устод Сулаймонӣ ўро роҳбарӣ мекунад, сари вақт ва бо муваффақият таҳқиқоташро анҷом хоҳад дод. Муборак бод, гуфта маро шодбош мегуфтанд. Зеро ба ҳамагон аён аст, ки устод нисбат ба шогирдонаш серталаб ва ҷиддӣ ҳастанд. Устодест пур аз ганҷи илму сухан. Дар риштаи илм гиреҳкушои мушкилотанд. Ва имрўз бо ифтихор мегўям, ки бо роҳбарӣ ва роҳнамоии устоди некному донишманд Сайидраҳмон Сулаймонӣ новобаста аз тахассусашон банда рисолаи илмиамро дар соҳаи адабиётшиносӣ ба анҷом расонидам. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ аз таъриху фарҳанги адабиёти пурғановати тоҷик ва араб хеле хуб огоҳӣ доранд, агарчи, таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа анҷом надодаанд. Дар илму маънавиёт устодро чун яке аз муҳаққиқони адаби тоҷику араб ном бибарем, иштибоҳ нахоҳем кард, зеро ба ин мартаба устоди гиромиқадр бо заҳмати шабонарӯзии хеш сазовор гаштаанд.
Орзумандем, ки устод тансиҳат бошанд ва чун ҳамешагӣ ба шогирдони хеш роҳнамоӣ намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дарозтарин умр, умри омўзгор аст. Ва ширинтарин мева баҳри устод, шогирд аст, ки ба ў умри ҷовидонӣ мебахшад.
Устоди азизу меҳрубонро ба ин санаи муборак, ки ба баҳори 70-умин солгарди умр қадам мегузоранд, табрику муборакбод намуда, барояшон пеш аз ҳама саломативу саодатмандӣ ва рўзгори неку пурбор ва дар касбу кори илмиашон муваффақиятҳои бештару беҳтарро таманно дорем.
Итминони комил дорем, ки илми забоншиносӣ ва ховаршиносии тоҷик аз чашмаи маърифати донишманди забардаст профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ солиёни дароз боз об хоҳад хӯрд. Баҳри устод аз забони шоир бо самимияти шогирдона мефармоям:
Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Мудири шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир