Дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Китобхонаи Ҷумҳурии Покистон 134 номгў китобу маҷаллаҳо ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид ва аз ин шумора 74 ададаш маҷаллаи “Дониш” мебошад.
Алоқа ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ ба мисли муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамият холӣ набуда, дар инкишофу равнақи муносибатҳои байни давлатҳо нақши бузурге доранд.
Дар баробари равобити сиёсиву иҷимовӣ робитаҳои фарҳангиву адабӣ ва байникитобхонавии Тоҷикистон бо дигар мамолики хориҷи кишвар низ бештар шуда истодааст. Дар замони Истиқлол Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо беш аз 25 давлати ҷаҳон додугирифти китобӣ барқарор кардааст.
Дар ин мақолаи кучаки худ хостем муждае ба муҳаққиқон ва пажўҳишгарони соҳаи забон ва адаб расонем, то дар баробари истифодаи асарҳои лозима аз Китобхонаи миллӣ, аз маҷаллаи адабии “Дониш”-и маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, ки дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳ дошта мешаванд, дар таҳқиқоти худ истифода баранд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Китобхонаи Ҷумҳурии Покистон 134 номгў китобу маҷаллаҳо ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид ва аз ин шумора 74 ададаш маҷаллаи “Дониш” мебошад.
Маҷаллаи “Дониш” фарогирандаи мақолоти фарҳанг ва адаби форсӣ, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии Эрон, Шибҳи қора, Афғонистон ва Осиёи Миёна мебошад.
Мундариҷаи “Дониш” аз Сухани дониш, Муаррифии нусхаҳои хаттӣ, Андеша ва андешамандон (1), Андеша ва андешамандон (2), Адаби имрўзи Эрон, Форсии шибҳи қора, Шеъри форсии имрўзи шибҳи қора, Гузориш ва пажўҳиш ва Номаҳо иборат мебошад.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки зимни мутолиаи дақиқи мақолоти маҷаллаи мазкур хонандаи муҳтарам бебаҳра нахоҳад монд.
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ
Сардори шуъбаи дастхатҳо
Шарқ ва китобҳои нодир