Агар имрўзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Оре, чеҳраи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ билкул дигаргун шудааст, ба кўчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур