Осори хаттӣ ва чопи сангии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Китобхонаи миллӣ

Нусхаҳои нодири хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгон ҳамеша сарвати бебаҳо ва муайянкунадаи сатҳи фарҳангиву илмии ҳар миллату халқият дар давраи маълуми таърихӣ ба шумор рафта, онҳо ба унвони муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвари маҳбубамон ба ҳисоб рафта, аз  соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгонамон машғул аст.
Дар байни дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ки то ба ҳол дар Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳифз мешаванд, асарҳои суханвари беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта, нобиғаи назми классиикии форсу тоҷик Мавлонои Балхӣ мақоми хоса доранд, ки онҳо чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 11  адад нусхаи хаттӣ ва 11 адад китоби чопи сангӣ аз осори Мавлонои Рум ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар асрҳои гуногун китобат шудаанд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII такони бузурге ба адабиёт ворид кардааст.
Номи ў Муҳаммад, лақабаш Ҷалолуддин ва инчунин бо унвони Мавлонои Рум шуҳрат дорад. Мавлуди шоир 30-юми сентябри соли 1207 муқаррар карда шуда, вафоташро 17-уми декабри соли 1274 медонанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар рўзи мавлуди шоир дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби талабагону донишҷўён мисраҳои шеърии эшон қироат мешаванд.
Ҷалолиддини Балхиро бо сабаби бештар дар Қуния зиндагӣ карданаш Румӣ ва барои донишманди забардаст буданаш Мавлавӣ ва ё Мавлоно мегўянд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар сароидани ғазал низ беназир буда, «Девони Кабир» ё «Шамси Табрезӣ» намунаи олии ғазалиёти ў маҳсуб мегардад. Мавлавӣ пайрави ақидаҳои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод баъди марги ў девоне иншо кард бо номи “Девони Кабир» ё худ «Девони Шамси Табрезӣ». Дар сарчашмахо ин девонро «Куллиёти Шамси Табрезӣ» низ ном мебаранд. Ин девон аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат буда, ғазал ва қасида бештар аз 50 ҳазор байт ва рубоӣ бештар аз 1600 байтро ташкил медиҳад.
Бузургтарин ёдгории Мавлавӣ китоби «Маснавии Маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат буда, муаллиф онро дар охирҳои соли умраш таълиф кардааст. Асари мазкур бо мақсади тарғиб намудани таълимоти тасаввуф ва аҳли он эҷод карда шудааст, ки дар он масъалаҳои тарғиби илму дониш, дустию рафоқат, одоби сухангўӣ ва ғайраҳоро пеш мегузорад.
Ҳамин тариқ, мо дар охирсухан барои  нафароне,  ки мехоҳанд бо осори хаттӣ ва чопи сангии Мавлоно ошно шуда, унсу иродат пайдо кунанд, рақамҳои инвенитарӣ ва унвони осори ўро зикр хоҳем кард, ки метавонанд аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.  

Нусхаҳои хаттӣ:

1. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаихаттии асрҳои XVII- XVIII. Рақами инв.- 815.
2. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Дафтари панҷум. Нусхаи хаттии соли 1290 ҳиҷрӣ. Рақами инв. 1021.
3. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Дафтари шашум. Нусхаи хаттии соли 1269 ҳиҷрӣ. Рақами инв. 799.
4. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии асрҳои XVIII- XIX. Рақами инв. 362.
5.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии асрҳои XVII- XVIII. Рақами инв. 617.
6.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии соли 1260 ҳиҷрӣ. Рақами инв. 365.
7.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии асрҳои XVII-XVIII. Рақами инв. 1180.
8.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии соли 1046 ҳ./1626 м. Рақами инв. 706.
9.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии соли 1270 ҳиҷрӣ. Рақами инв. 365.
10.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Нусхаи хаттии соли 1092 ҳиҷрӣ. Рақами инв. 190.
11.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Фиҳи мо фиҳи, Маҷолиси сабъия, Мактубот. Аксбардорӣ аз нусхаи хаттӣ. Қуния 2010.

      Китобҳои чопи сангӣ
1.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ ва шарҳҳои латиф. Чопи сангӣ. Соли нашр 1847м. Рақами инв. 4503.
2.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Чопи сангӣ. Соли нашр 1277ҳ. Рақами инв. 6471.
3.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Девони ҳазрати Шамси Табрез. Чопи сангӣ. Соли нашр 1326ҳ. Рақами инв. 2610.
4.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Чопи сангӣ. Соли нашр 1291ҳ. Рақами инв. 654.
5.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ.Куллиёти Шамси Табрез. Чопи сангӣ. Соли нашр 1302ҳ. Рақами инв. 638.
6.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ ва шарҳи Баҳру-л-улум.. Чопи сангӣ. Соли нашр 1873м. Рақами инв. 2153.
7.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ ва шарҳҳои латиф. Чопи сангӣ. Соли нашр 1847м. Рақами инв. 1112.
8.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Чопи сангӣ. Соли нашр номаълум. Рақами инв. 7805.
9.Мавлоно Ҷалол
уддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Чопи сангӣ. Соли нашр номаълум. Рақами инв. 1291.
10.Мавлоно Ҷалол
уддини Балхӣ. Ғазалиёти Шамси Табрез. Чопи сангӣ. Соли нашр 1302ҳ. Рақами инв.1428.
11.Мавлоно Ҷалол
уддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Чопи сангӣ. Соли нашр номаълум. Рақами инв. 3247.

 

Додихудоев Раҷабалӣ
Мудири шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: