Қадимтарин китоби ҷаҳон дар куҷост?
Нашр шуд 2018-12-14 11:25
Дар ибтидо бояд ба ин суол посух дод, ки таъриф ва манзури мо аз китоб чист? Оё метавон таҷаммуъе аз матнҳо ва дастнавиштҳоро китоб номид ва ё манзури мо аз китоб ҳамин китоби чопӣ аст, ки имрўз дар ҳар китобхона ва дасти ҳар донишҷўе метавон дид?
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзўъ, қадимтарин китобе, ки дар ҷаҳон ёфт шуда, китобе аст бо таърихи қариб 2500 сол, ки дар яке аз маъбадҳои қадимӣ дар ҷануб ғарби Булғористон кашф гардида ва мутааллиқ ба Атруск (табори ғайри ҳинду аврупоӣ) аст. Гуфта мешавад, ки ин китоб дорои шаш сафҳа аз ҷинси тиллоӣ кубида аст, ки дар Осорхонаи миллии Булғористон нигаҳдорӣ мешавад. Ин китоб бо хат ва системаи нигоришие навишта шуда, ки то кунун донишмандон ва пажўҳишгарон натавонистаанд онро рамзкушоӣ кунанд.
Пас агар ҳадафи мо аз таърифи китоб, ҳамин китоби чопии имрўза бошад, метавон гуфт қадимитарин китоби ҷаҳон Инҷили Гутенберг аст, ки тавассути Юҳанс Гутенберги Олмонӣ (ихтироъкори мошини чопӣ) дар соли 1450-и мелодӣ ба чоп расидааст.
Яке аз донишмандон ва муҳаққиқони дастнависҳои муваффақи донишгоҳи Корнелли Амрико ба номи Лорӣ Фрай муътақид аст: «Дар хусуси қадимтарин китоби таърихи ҷаҳон, пурсишҳои мутааддиде вуҷуд дорад ва ҳар чизе, ки аз дидгоҳи ҷаҳонӣ пуштибонӣ карда ва ба он муттасил бошадро метавон китоб номид». Ў бар асоси дидгоҳи худ китоби Илиадаи Ҳомер ва ҳамосаи Гилгамешро қадимтарин китобҳои ҷаҳон медонад.
Ба назари мо бо таваҷҷуҳ ба иттилооти мазкур дар ҳоли ҳозир наметавон посухе қатъӣ барои ин суоли ҷолиб, ки зеҳни ҳамаро ба худ даргир кардааст, пайдо карда ва қатъан посух ба ин пурсиш осон нахоҳад буд. Шояд бо гузашти замон ва иктишофи мактубот ва навиштаҳои қадимӣ тавассути бостоншиносон ва бо дастёбӣ ба технологияи муосир ва тараққиёти илмӣ, тағйироте дар посух ба ин пурсиш ба вуҷуд ояд.
Аммо айни ҳол ҳамин китоби 2500-соларо метавон қадимтарин китоби ҷаҳон шуморид. Ин китоб соли 2003 ба намоиш гузошта шуда буд. Он дар Булғористон ёфта шуд ва тавассути кошифи он ба Осорхонаи ин кишвар эҳдо гардид.
Баргирифта аз сомонаи: Тобнокязд
Таҳияи: ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин