Дирӯз ва имрӯзи Наврӯз

Дар охирин рӯзи моҳи март дар Китобхонаи миллӣ бори дигар аз Наврӯз ёд шуд.
Ин бор Маркази қонуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ мизбони ширкаткунандагони маҳфили наврӯзии “Дирӯз ва имрӯзи Наврӯз” буд.
Шамсиддин Солеҳов, мудири шуъба дар сухани ифтитоҳӣ аз Наврӯз ва суннатҳои наврӯзиву таърихи ин ҷашни бузург ёдоварӣ кард.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомов дар мавзуъи “Аз таърихи Наврӯз ва ойинҳои он” суханронӣ намуд.
Пажуҳишгари тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ суҳбати ҷолибе дошт бо номи “Наврӯз аз дидгоҳи доктор Алии Шариатӣ”. 
Як баҳси хуб ва шуниданӣ низ дар атрофи Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ баргузор шуд.

Барчаспҳо: