Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон бар забони паҳлавӣ
Асари «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро метавон аз зумраи он чанд шоҳасарҳои ҷудогонаи тарбиятгари ахлоқи некў ва тарғибкунандаи роҳи рост ба башарият шумурд. Ин асари пурмазмуну пурмуҳтаво аз тарафи мутафаккир ва шоири бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) (ваф. 466 ҳ.) бо хоҳишу дархости пайравону мухлисонаш навишта шуда аст. Ҳарчанд таърихи навишти ин китоб ба таври дақиқ ва мушаххас маълум нест, вале олимон дар он ақидаанд, ки даврони таълифи ин асар ба охирҳои умри Мавлоно, даврони пурбортарин зиндагонии ў рост меояд. Доираи мавзўъ ва масъалаҳое, ки шоир дар атрофи онҳо баҳсу изҳори ақида кардааст, ниҳоят васеъ ва гуногун аст. Асари «Маснавии маънавӣ» ин қомуси ҷомеи мақолаҳову зарбулмасалҳо, суханҳои ҳикматомез ва пандҳову андарзҳо ва мавъизаҳои рехтаву пухтаи шоир мебошад.
Маснавиро метавон бо се хусусияти хосаш аз дигар асарҳои тарбиявӣ ва ирфонии насли башарият арзишмандтар шумурд:
Якум, ҷомеияти мавзўӣ, яъне маҷмўаи афкори ирфонию динии худи шоир ва дигар орифону сўфиёни мусулмон ва хулосаи маъорифи тамоми шохаҳои маънавии башарият аст. Алабатта, ҷомеияти мавзўии «Маснавии маънавӣ” ин маъноро надорад, ки Мавлоно аз ҳар машраб фикреву маслаки ирфоние гирифта, аз ҷамъи ин баргирифтаҳо маснавии худро суруда бошад. Мавлоно ҳеҷ яке аз он мавзўъҳои каломӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, ирфонӣ ва асотирии собиқонашро ба ҳоли худ нагузошта аст, балки ў ҳамаи онро бо як тарзи ба худ хос, барои насли оянда, барои мутолиа ва амал нигоштааст.
Дуюм, забони хос: Мавлоно суханони худро аз истилоҳоти фанӣ ва тахассусии калому фалсафаву ирфон пероста ва онро содда ва пироя гуфтааст. Аммо суханонаш дар айни соддагӣ ва пероягӣ зебову шевову табиӣ аст, барои мухотаб як шуру шарари махсус медиҳад.
Сеюм, соддагии матлабҳои душвор: Мавлоно баръакси касоне, ки матлабҳои соддаро душвор ва печдарпеч баён мекунанд, Маснавиро дар қолаби соддатарин ибораҳои мавҷуда бозгў кардааст.
Мавлоно дар Маснавии маънавӣ ба мавқеи инсон дар ҷамъият диққат дода, мақоми инсонро дар ҷойгоҳи олӣ мегузорад ва таъкид менамояд, ки ў бояд шоистаи ҳамин мақом амал намояд.
Имрўзҳо нусхаҳои дастнависи сершумор ва ба табърасидаи бисёре аз Маснавӣ дар саросари олам вуҷуд дорад. Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китохонаи миллии Тоҷикистон низ, ки яке аз муҳофиз ва нигаҳдорандагони ганҷинаҳои бебаҳои осори хаттии ниёгон аст, имрўзҳо бо шарофати дастгирӣ ва шароити мусоид фароҳам овардани ҳукумату давлат барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории осори ниёгон машғул аст.
Дар фонди шуъбаи мазкур 32 нусхаи дастнавис ва 11 нусхаи чопи сангии ин китоби арзишманд нигаҳдорӣ ва ҳифз карда мешавад. Нусхаҳо мазкур, то ба имрўз ба таври комил аз ҷониби муҳаққиқону дўстдорони адаб омўхта нашудааст. Яке аз чунин нусхаҳо нусхаи таҳти рақами инвентарии №1496 аст, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази намоиши меҳмонон ва ҳаводорони китоб гузошта шудааст.
Нусхаи мазкур мукаммал буда, хело эҳтиётона нигаҳдорӣ карда шудааст. Ба чанд варақи он об расида бошад ҳам, вале ба матн осебе нарасида аст. Танҳо матни варақи охири китоб кўр шудааст. Котиб, сол ва ҷойи китобат дар китоб зикр нашудааст, вале аз рўи навъи коғаз ва хаташ онро ба асри XV нисбат додан мумкин аст.
Матни китоб дар чаҳор сутун бо хати насхи хоно ҷойгир шуда аст. Гирдогирди матн ва сарлавҳаҳо бо ранги сурх ҷадвал давонида шудааст. Коғазаш мисрии нахўдӣ. Муқовааш аз картону коғази рангоранги замонавӣ, шерозааш лидерини сафед. Дар авроқи 2, 83 ва 225 тамғаи муҳри доирашакл ниҳода шудааст.
Илова бар ин дар аввалу охири китоб баъзе навиштаҷоти назмӣ ва насрӣ мавҷуд аст. Ҳаҷми китоб 20×28,5 см. ҳаҷми матн беҳошия 16,5×24 см.
Китоб аз 287 саҳифа иборат аст. Дар рўи ҳар варақ 27 ва баъзан 29 сатр навишта шудааст.
Ҳаётуллоҳ Муҷебуллоев,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир