Додихудо Саймиддинов, олими маъруф ва донишманди пурзаковат, ки дори дунёро тарк ва роҳии олами абад шуд, шогирдону дӯстон ва пайвандонашро дар сӯг нишонд. Даргузаштии олиме чун Додихудо Саймиддинов талафоти гаронест дар илм, фарҳанг ва маърифати миллат.
Додихудо Саймиддинов донишманде буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо, пажуҳишҳои арзанда ба ҷо гузошт ва китобҳову асарҳои таҳқиқотии ӯ асрҳо барои миллат хизмат хоҳад кард.
Сивунуҳ китоб аз силсилаи китобҳои энсиклопедии профессор И.Е. Андреевский, ки солҳои 1890-1903 дар Санк – Петербург чоп шудаанд, аз муътабартарин луғатномаи тафсирии русӣ маҳсуб мешаванд. Ин китобҳо кай ба китобхона оварда шудаанд, дақиқан маълум нест, вале ҷилди аввали он соли 1890 дар интишороти Фонтанкаи шаҳри соҳили Нева чоп шудааст.
Луғати энсиклопедӣ зери назари профессор И.Е. Андреевский
Додихудо Саймиддинов, олими маъруф, забоншиноси шинохта ва пажуҳишгари пӯхтакор имрӯз дар синни 68-солагӣ аз олам рахти сафар барбаст. Рафтани Додихудо Саймиддинов гаронтарин талафоти ҷуброннопазир барои илми тоҷик аст.
Додихудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омадааст, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи имллии