Луғати энсиклопедии сивунуҳҷилдаи профессор Андреевский дар Китобхонаи миллӣ

Сивунуҳ китоб аз силсилаи китобҳои энсиклопедии профессор И.Е. Андреевский, ки солҳои 1890-1903 дар Санк – Петербург чоп шудаанд, аз муътабартарин луғатномаи тафсирии русӣ маҳсуб мешаванд. Ин китобҳо кай ба китобхона оварда шудаанд, дақиқан маълум нест, вале ҷилди аввали он соли 1890 дар интишороти Фонтанкаи шаҳри соҳили Нева чоп шудааст.

Луғати энсиклопедӣ зери назари профессор И.Е. Андреевский чоп шудааст ва ӯ дар муқаддима менависад, ки бо хоҳиши мураттибонаш таҳрири пурраи онро ба зимма гирифтааст. “Бо ризоят ба таҳрири комили нашри ин Луғати калони энсиклопедӣ ман  заҳмати сангинеро ба уҳда гирифтам ва агар ба ман ин кор даст диҳад, худро хушбахт хоҳам ҳисобид, чун барои ҷомеаи Русия фоида хоҳам овард”,-менависад ӯ.

Ҳамчуноне ишора шуд, 39 ҷилд аз ин китоби муфид, ки дар низоми луғатномаҳои муътабар омода шудааст, ҳоло дар  шуъбаи хизматра­сонии библиографї вуҷуд дорад.

Китобҳо бо забони қадимии русӣ ва ҳуруфи тоинқилобии крилӣ навишта шудаанд. Вале барои забоншиносону фарҳангшиносон метавонанд чун манбаъи муҳим мавриди истифода қарор гиранд.

 Ин китобҳо тањти раќами инвентарӣ аз 15862  то  50546 нигаҳдорӣ мешаванд ва хонандагон метавонанд онҳоро дар шуъбаи хизматрасони библиографӣ пайдо ва мутолиа намоянд.

Шариф Наботов,
мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиограф
ї