Панҷ соли ганҷинаи илму маърифат
Наврӯз ба ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ 5 сол пур мешавад. Дар ин панҷ сол бойгонии Китобхона ба беш аз 5 миллион адад китоб расид. Теъдоди хонандагонаш ба маротиб афзуд.
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори сиёсатгузории китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўзафзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард.
Бо гузашти зиёда аз 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд.
20 марти соли 2012 бо иштирок ва суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ кард. Ин бинои зебою замонавии нуҳошёна зоҳиран шакли китоби кушода дорад, ба меъёрҳои байналмилалӣ муносибу ҷавобгўст ва дар бузургии масоҳат (дарозии бино 167 м., баландӣ 52 м., масоҳати умумӣ 45 ҳазор метри мураббаъ), фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши захираи китоб, фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати пешиниён ва зиндасозию абадгардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бино нимпайкараи 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик гузошта шудааст. Он дорои имконияти фарохи маърифатӣ, толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо, дигар намуди асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳу толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, шуъбаи таъмир ва тармими китоб, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ мебошад, ки ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқанд. 1458 ҷои нишаст дар 25 толори хониш ва 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидаи корӣ дар хизмати хонанда қарор дорад. Се намоишгоҳи китоб-Осорхонаи китоб барои намоиши дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; Галереяи (долон) китоб ҷиҳати намоиши нашрияҳо оид ба соҳаҳои мухталифи дониш; Намоишгоҳи китобҳои тозанашр, 9 маҷлисгоҳ барои 1100 ҷои нишаст, баҳри тафреҳи хонандагон 250 ҷои нишаст, 558 ҷои нишаст барои таомхўрӣ дар ошхона баёнгари имконияти махзани маърифатанд.
Дар толорҳои хонишу иттилоотрасонӣ ҷиҳати дарёфти маълумот шароити хос вуҷуд дошта, дар толорҳои электронӣ хонандагон ройгон аз шабакаи интернетӣ истифода мебаранд, ин толорҳо бо як қатор китобхонаҳои электронии кишварҳои пешрафта иртибот доранд, муштарӣ бо ворид шудан ба сомонаи интернетии Китобхона аз хазинаи китобхонаҳои бо мо шартнома дошта баҳра бардошта метавонад.
Сатҳи баланди хизматрасонӣ ва роҳандозии технологияи муосир дар Китобхона боиси афзоиши теъдоди хонандагон гардид, сафи муштариёни хориҷии мо низ меафзояд. Ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 60 муассисаю созмони хориҷӣ ва байналмилалии мустақил дар ҷумҳурӣ, инчунин китобхонаҳои калонтарини зиёда аз бист давлати дунё робитаю ҳамкорӣ дорад. Мо дар садади густариши равобит бобати табодули китоб дар сатҳи байналмилалӣ ҳастем ва ният дорем бо дигар кишварҳо ёддошти тафоҳум бандем, ки ба ҳама ҷонибҳо манфиат бахшанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон мардуми мамлакат, корхонаю муассисаҳо саҳми муносиб гузоштанд. Бо мадади онҳо зиёда аз 2 миллион нусха китобу нашрияҳо ҷамъ омад ва теъдоди умумии хазинаи Китобхона ба беш аз 5 миллион расид. Ин иқдом бори дигар аз арҷгузории мардуми фарҳангпарварамон ба анъанаҳои дерини китобдорию китобхонӣ шаҳодат дод. Шумораи китоб аз ҳисоби нусхаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Тақозои замона ин аст, ки кулли маводи илмӣ, иттилоотӣ ва таърихии марбут ба тоҷикон ва Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои илми муосири китобдорӣ ва технологияи компютери рақамӣ муҷаддадан танзиму такмил ва ба талаботи феълии давлату ҷомеъа мувофиқ карда шавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки зарофату нафосати сухани ин ганҷина бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем.
Ин қаср дар як ҷойи бисёр зебои шаҳр сохта шуда, таваҷҷуҳбарангез аст. Он дар маркази шаҳр, дар бари майдони Озодӣ, паҳлўи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Боғи устод Рўдакӣ, Хонаи Радио, рў ба рўи Қасри Миллат ва муқаддасоти миллӣ, дар миёни бузургтарин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун коҳи бузурги ҳикмат, мўътабартарин қасри маърифат қомат афрўхтааст, ки як гўшаи хотири ҳамаамон ба он банд аст, онро чун модар, падар, ҳамчун дилбар азизу гиромӣ медорем, Маҳз ҳамин Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки дар дили мо муҳаббату садоқат афзуда, чароғи тафаккурамонро равшан гардонида, бароямон шоистатарин сифатҳо эҳдо менамояд, ки ба халқу миллати худ, ба ҳамаи мардуми дунё некхоҳу гиромиқадр бошем.
Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд. Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат карда метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад.
Китобхонаи миллӣ хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки кас дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ аз он берун баромада наметавонад. Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе мебошад, ки одамон барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънӣ мераванд. Китобхона ба мисли бўстонсароест, ки хонанда дар он дохил гардида, аз гузаштаи дури таърих то имрўз саёҳат менамояд, аз гулу меваҳои пухтарасидаи маънӣ шаҳдком мешавад, ҳаловат ва нашъат мегирад.
Қасри китоб аз қаъри баҳру уқёнусҳо ба дасти ғаввосҳои моҳир дурдонаҳо ҳадя мерезад. Он вуҷуди инсонҳоро пок гардонида, ҳавас ва иштиёқашонро ба олами маънавӣ афзун менамояд. Яъне китобхона ҷойе ҳаст, ки мо ба он аз баҳри зиёрати китобҳои нодир рафта, шўълавар мешавем, пас бо шуоъҳои маънӣ олами хуфтаро бедору дурахшон гардонида метавонем.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон муқаддастарин сарманзили маърифатест, ки мо дар он ворид гардида, нури илоҳӣ афрўхта, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро пурнур мегардонем.
Дар нахустин рӯзҳои Наврӯз ба ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 сол пур мешавад. Орзуи онро дорем, ки ин бинои пурфайз садсолаҳо дар хидмати мардуми диёр бошад ва нури маърифатро дар қалбҳо рушан созад.
Ҷамил Валиев,
Сардори шуъбаи хизматрасонии
библиографи Китобхонаи миллии Тоҷикистон