Бозомўзии китобдорони вилояти Хатлон
Нашр шуд 2016-10-03 14:25
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ неҳ.
А. Рўдакӣ
Дар ҳақиқат, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ омўзиши фарҳангро на танҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ собит кардааст. Фарҳанг, ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқаддасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада, ҷилдҳои китобҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху иҷтимоиёт, иқтисодиёти мо ва билохира тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд. Ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву маҳфуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.
Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.
Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.
Айни замон тибқи ҳисоботи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3%), олии тахассусӣ 213 нафар (7,4%), миёнаи касбӣ 980 нафар (34,3%) ва бо маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ 1305 нафар (45,7%) фаъолият мекунанд, ки самаранокии кори равандҳои китобдориро коста мегардонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст. Аз ин рӯ ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тадбири саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин омилҳо дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисос ҳамчун зерсохтори он ташкил карда шуд, ки фаъолияти худро аз моҳи апрели соли 2012 оғоз намуд.
Раванди бозомӯзии касбӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Дар давоми фаъолияташ марказ барои курсҳои такмили ихитисос ва бозомӯзӣ чунин барномаҳо ва нақшаҳои таълимиро омода ва таҳия намудаанд: «Такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Омӯзиши донишҳои компютерӣ» ва ғайраҳо. Курсҳои мазкурро зиёда аз 700 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо хатм намудаанд, ки шунавандагон ҳангоми аз худ намудани барномаҳои таълимӣ ва гузаштан аз аттестатсия соҳиби сертификат мешаванд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки дар доираи ихтисосашон ҳамчун мутахассис фаъолият намоянд. Бо чунин раванд Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз санаи 19 то 25 сентябри соли 2016 курси кутоҳмуддат таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» таҳти роҳбари муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайидҷаъфар Сафаров, Сардори шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ Фирдавс Аминов, Муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Некрӯз Мансуров ва Ҳоҷӣ Акбари Муҳидин сармутахассиси шуъбаи Автоматикунони ва раванди китобдорӣ- иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Китобхонаи оммавии Вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ташкил карда шуд. Дар рафти фаъолияти давраи омӯзишӣ 50 нафар намояндагони тамоми минатқаҳои Вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Рафти барномаи ин давраи омӯзишӣ аз қисматҳои зерин иборат буд:
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ҳайати иштирокчиён бо «Сертификат»-и омўзиши курси кутоҳмуддати такмили ихтисоси Муассисаи давлати Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Ҳадафи амалӣ гардидани ин давраи кутоҳмуддати омӯзишӣ баҳри пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба мутобиқ дар шароити замона мебошад.
Ҷамил Валиев,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон