Профессор Ислом Ҷӯраев аз олам даргузашт
Нашр шуд 2017-01-13 15:32
10-уми январи соли 2017 яке аз собиқадорони соҳаи китобдорӣ, профессор Ҷўраев Ислом Акрамович дар синни 85-солагӣ олами моро тарк гуфт ва даҳҳо тан аз пайвандону шогирдон ва дӯстонашро дар ғам нишонд.
Ҷўраев Ислом Акрамович соли 1931 ба дунё омад. Дар Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳангии ноҳияи Рўдакӣ) ва Институти фарҳанги шаҳри Маскав таҳсил кардааст.
Солҳои 1956-1960 дар Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аввал мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва баъдан мудири шуъбаи коркарди адабиёт кор кардааст.
Муаллифи чандин китоб, дастурҳо, китобномаҳо ва пажуҳишҳои арзишманде аз қабили «Феҳристи алифбоӣ ва ташкили он», «Ташкили хизматрасонии китобхонавӣ ба аҳолии районҳои кўҳӣ» буд.
Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гузаштааст. Солҳои 1973-1983 декани факултаи китобдорӣ буд. Мураттиби «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти китобдорӣ ва китобшиносӣ» мебошад.
Ёди устоди китобдорон, олими заҳматкашида ва мураббии садҳо ҷавонон абадист.