Қадру қиммати об
Нашр шуд 2017-01-28 16:57
Илман собит шудааст, ки барои кори муътадили бадан инсон ба дар як шабонарӯз ба 2 – 2,5 литр об ниёз дорад.
Об бузургтарин неъмат ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Сайёраи Замин дар байни системаи сайёраҳои Офтоб аз ҳама серобтарин шуморида мешавад. Мувофиқи ҳисоби олимон ҳаҷами умумии гидросфера 1,5 миллиард км3-ро ташкил медиҳад, вале мутаассифона, аз ин миқдор обҳои нўшоки дар гидросфера ҳамагӣ 360000 км3, ё ин ки 25 фоиз рост меояду халос.
Иқтисодиёти ҳар мамлакат аз оқилона истифодабарии захираҳои табиии он вобастаги дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби мусаффо мебошад, ки истифодаи оқилонаи он имкон медиҳад мамалакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.
Имрўз диққати аҳли ҷомеаро ҳалли масъалаҳои оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» қабул гардид.
Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мувофиқи маълумоти дастрасшуда дар кураи Замин зиёда аз шаш миллиард нафар аҳоли умр ба сар мебарад. Аз ҳисоби нобаробар тақсим шудани манбаъҳои оби нўшокӣ ҳоло дар қитъаи Осиё як миллиард, дар Африко 350 млн, Америкаи Лотинӣ зиёда аз 100 млн. аҳолӣ аз норасоии оби нўшокӣ азият мекашанд. Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарўз 2-2,5 литр оби нўшокӣ лозим аст.
Қадру манзалати об аз ҳамаи неъматҳои дигар болотар ва муқаддастар аст. Агар дар бадани одам 8 фоиз об нарасад, аз ҳуш меравад, 10 фоиз камӣ кунад, дил аз ҳаракат мемонад, инсон ба марг гирифтор мешавад.
Норасоии оби тоза дар кулли ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим гардидааст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои об бойтарин кишвар аст. Ҳар сол дар қаламрави кишвар 64 миллиард метри муркааб об захира мешавад, ки ин тақрибан 60 фоизи хаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар ба об таваҷҷўҳи бузург зоҳир менамояд.
Шариф Наботов
мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ