Бузургдошти Рӯдакӣ дар намоиши китоби Одамушшуаро
Нашр шуд 2015-09-19 16:49
Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташкили намоиши китоб аз бузургтарин шоири форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд кард.
Ин намоиши китоб дирӯз, ҷумъа ифтитоҳ шуда ва дар он маъруфтарин китобҳое, ки то ин замон аз Султони шоирон-устод Рӯдакӣ ва дар бораи ӯ чоп шудаанд, гузошта шудаанд.
Хонандагон дар ин намоиш бо китобҳое чун «Рўдакӣ» (шеърҳо), ки Ҷ. Шарифов ва Ш. Исрофилниё мураттаб кардаанд , «Рўдакӣ ва Рўдакишиносон»-и Мирзо Муллоаҳмад, “Паямбари ишқ”-и Атахон Сайфуллоев, «Рўдакиро суханаш тилви нубост»- Асрори Раҳмонфар, «Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй» аз Абдунабӣ Сатторзода ва ғайраро метавонад бинанд ва бихонанд.
Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ҳар сол ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузор адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор мешавад ва маъмулан дар ин рӯз дар донишгоҳҳои филологии кишвар, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласоти дигар доир мегарданд.
Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллӣ низ рӯзи 21-уми сентябр ҳамоиши илмии “Рўдакишиносӣ дар солҳои охир» барпо мешавад, ки дар он рӯдакишиносони маъруфи кишвар бо маърӯзаҳои худ ширкат меварзанд.
Оғози ин ҳамоиш соати 10-00 буда, вуруд барои ҳама озод аст.