Activities calendar

10 сентября 2015

ШУЪБАИ УМУМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Шуъбаи умумӣ ва коргузории Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Оинномаи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.
Вазифаи ин шуъба  фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, таъмину ташкили дақиқи хадамоти коргузорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.

Рӯ ба рӯ бо хонанда, адибон дар меҳмонии Китобхона

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи
миллии Тоҷикистон нишасти хотирмонеро таҳти
унвони “Китоб ва рушди зеҳнии ҷомеа” баргузор
кард, ки дар он шоираи маъруфи кишвар
Латофат Кунҷаева, адиби номвар Юсуфҷон
Аҳмадзода ширкат ва суханронӣ карданд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхона
дар як сухани муқаддамотӣ дидору мулоқоти
адибон бо хонандагонро бахше аз фаъолияти
китобхонаи миллӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ин