Activities calendar

05 сентября 2015

Марҳабо Ҷабборӣ: Навиштан бо забони кӯчагӣ бар зарари забони модарист

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон гуфт, “мушкилнависӣ дар адабиёт на ба фоидаи хонанда аст, вале бо забони соф кӯчагӣ навиштан бар зарари забони модарист. Ноширон набояд  бо баҳонаи сода кардани забон онро ба ҳадди як забони кӯчагӣ расонанд. Забони мо забони шеър буд ва бояд ба ҳадди ҳамин забони шеър бимонад”.
Муовини сарвазири Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 4-уми сентябр дар маросими ифтитоҳи Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ дар ҳузури ҷамъе аз мардум суҳбат мекард, гуфт, ки “дар сар то сари Тоҷикистон бештар аз 50 нашриёт ба чопи пурарзиштарин ганҷинаи маърифати мардум машғуланд ва ҳар сол садҳо номгӯ китобҳо аз классикони форсу тоҷик то адибони муосир,