Марҳабо Ҷабборӣ: Навиштан бо забони кӯчагӣ бар зарари забони модарист
Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон гуфт, “мушкилнависӣ дар адабиёт на ба фоидаи хонанда аст, вале бо забони соф кӯчагӣ навиштан бар зарари забони модарист. Ноширон набояд бо баҳонаи сода кардани забон онро ба ҳадди як забони кӯчагӣ расонанд. Забони мо забони шеър буд ва бояд ба ҳадди ҳамин забони шеър бимонад”.
Муовини сарвазири Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 4-уми сентябр дар маросими ифтитоҳи Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ дар ҳузури ҷамъе аз мардум суҳбат мекард, гуфт, ки “дар сар то сари Тоҷикистон бештар аз 50 нашриёт ба чопи пурарзиштарин ганҷинаи маърифати мардум машғуланд ва ҳар сол садҳо номгӯ китобҳо аз классикони форсу тоҷик то адибони муосир, садҳо номгӯ китобҳои илмиву маърифатӣ рӯйи чопро мебинанд. Ҳарчанд ин китобҳо ба теъдоди маҳдуд чоп мешаванд, вале аз сол ба сол мо эҳсос мекунем, ки таваҷҷуҳи мардум ба китоб меафзояд ва ин ҳам самараи таблиғоти дуруст ва даъвати омма ба мутолиа аст”.
Марҳабо Ҷабборӣ зимни суханронӣ дар бораи забони навиштор ҳарф зад ва гуфт, ки чун “китоб барои хонанда навишта мешавад ва як ҳадафаш баланд бардоштани маърифати хонанда аст, пас забони китобҳо бояд наздик ба фаҳми омма бошад. Аммо на чунон, ки бо баҳонаи сода кардани забон онро ба ҳадди як забони кӯчагӣ расонем. Забони тоҷикӣ аз қадим забони шеър буд ва забони шеър бояд равону осон бошад. Аз сӯйе мушкилфаҳм навиштан бар зарари хонанда аст, аз ҷониби дигар бо забони соф кӯчагӣ навиштан бар зарари забони модарист. Поси забони модарӣ ин тоза нигоҳ доштани он аз ҳар гуна олудагиҳост”.
Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон дар бахши дигар аз суханронии худ аз таърихи китобу китобдорӣ дар кишвар ҳарф зад ва гуфт: “ДавлатиТоҷикистон аз нахустин рӯзҳои арзи вуҷуд карданаш дари китобхонаҳоро ба рӯйи сокинонаш боз кард. Таърихи Китобхонаи миллӣ аз соли 1933 шурўъ мешавад ва ин боргоҳи маърифат соли 1934 ба муносибати ҳазорсолагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифта буд. Соли1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард. Аммо гузашти ҳудудан 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 боиштироки Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд ва баъди панҷ сол дар арафаи Наврӯзи соли 2012 боз ҳам бо ширкати сарвари давлат бинои нави китобхона расман ифтитоҳ шуда, бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолиятшурӯъ кард. Ва мо имрӯз дар саҳни ин китобхонаи бузург, ин биное, ки бешак Кохи фарҳангу маърифат аст, чорабинии худро мегузаронем”.
Ва рисолати китобро пайвандгарӣ номид ва гуфт, ки бо дарки муҳим будани китоб барои миллат Сардори Давлат як теъдод китобҳоро аз хазинаи захиравии худ интишор медиҳад. “Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо номгӯй китоб аз фонди захиравии Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп мешаванд. Аз ин фонд на танҳо дурдонаҳои назму насри классикӣ, балки асарҳои адибони муосири кишвар низ чоп ва дастраси хонандагонмегарданд”,-гуфт Муовини Сарвазири Тоҷикистор Марҳабо Ҷабборӣ дар поёни суханронии худ.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии фарҳангии “Рӯзи китоб” баъд аз зуҳри имрӯз бо ҳузури ҷамъе аз ҳунармандон, намояндагони аҳли зиё, устодону шогирдони макотиби олии кишвар дар саҳни бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, Сафири Кореяи Ҷанубӣ Йом Ки Ёнг ва намояндагони фарҳангии сафоратхонаҳои дигар кишварҳо дар Тоҷикистон ширкат карданд.