Рӯзе, ки аз азамати китоб ёд шуд....

Рӯзи китоб ва рӯзи дониш. Метавон дар ин бора соатҳо ҳарф зад, чун бузургтарин ва пурҳикматтарин суханҳоро бузургони мо дар ситоиши китоб гуфтаанд. Миллати мо бо китоб пайванди маънавӣ дорад.
Дар таърихи башар аввалин китобе, ки комил ахлоқи инсониятро таҷассум кардаву як барномаи зист барои насли инсонро таҳия намудааст, “Авасто” мебошад ва боиси ифтихори мост, ки ин китоби муқаддаст мутааллиқ ба ориёнажодҳост.
Аз “Авасто” чун нахустин китобе, ки “Гуфтори нек ва пиндори нек”-ро барои насли башар талқин мекунад, ҳунарманди маъруф Ортиқи Қодир зимни як сухани муқаддимавӣ дар ифтитоҳи чорабнии “Рӯзи китоб” дар саҳни Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд. Ҳунарманди маъруф ба илҳом аз таронасароиҳои наврасон дар ситоиши китоб ва ҳикматрезиҳои ҳампешагонаш дар оғози маросими ифтитоҳ аз нахустин китоб ёд кард ва гуфт, ки барои миллати мо китоб арзиши азим дорад.
Чорабинии фарҳангӣ ба муносибати “Рӯзи китоб” аз соли 2007 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 4-уми сентябр, дар баробари оғози соли нави таҳсил дар макотиби кишвар таҷлил мешавад ва ҳамасола он бошукуҳтару мубарротар аз соли қабл доир мегардад.
Ҳамасола дар ин чорабинӣ афроди бештар гирд меоянд, доираи ширкаткунандагонаш фаротар аз муҳассислини макотиби оливу миёна меравад. Чуноне имсол хеле касоне дар ин маҳфил ширкат карданд, ки танҳо мухлисони китобанд, хонандагони ҳамешагии китобхонаанд.
Дар нишаст Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон китобро манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон донист ва гуфт, ин “китоб аст, ки  ба мо асрори олами ҳастиро меомӯзонад. Китоб аст, ки дари илму дониш,хираду фарҳангро ба рӯйи инсон боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор,ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад”.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода китобро падидае донист, ки  тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арастуву, Афлотуну Хайёму, Санову, Рӯдакӣ ва садҳову ҳазорҳо нобиғаҳои олами адаб маҳз аз тариқи мутолиаи китоб ба қуллаҳои бузургӣ расидаанд.
Вай ба ҳозирин дар бораи бузургтарин маъхази китоби кишвар-Китобхонаи миллии Тоҷикистон мухтасар маълумот дод, ки 20-уми марти соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Вай гуфт, ки бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб: 3089689 нусха – фонди асосии КМТ; 2589649 нусха – китобҳои эҳдошуда аз аҳолӣ; 500000 нусха – китобҳои электронӣ ташкил медиҳад. Хазинаи китобҳо дар 28 махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда шудааст.
Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷумла, 25 толори хониш бо 1458 ҷои нишаст барои хонандагон мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад.  
Дар китобхона 9 маҷлисгоҳ ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо мавҷуд аст, ки дорои 1100 ҷойи нишаст мебошад. Инчунин барои хонандагон 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ ва 558 ҷойи таомхӯрӣ дар ошхонаҳои китобхона муҳайё карда шудааст.
Барои кормандони китобхона 312 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ бо компютерҳо ҷиҳозонида шудааст.
Чорабинии фарҳангии “Рӯзи китоб” баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа бо ҳузури ҷамъе аз ҳунармандон, намояндагони аҳли зиё, устодону шогирдони макотиби олии кишвар дар саҳни бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар оғоз ҳунармандони шинохтаи театрҳои кишвар шеърхонӣ карданд, китобро, донишро, ақлро, маърифатро сутуданд. Ва баъдан хонандагони мактаби миёна пораҳо аз ашъори бузургон дар бораи китоб ва илму дониш қироат карданд.
Баъди анҷоми суханрониҳо як барномаи хуби консертӣ ҳам баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ,  Сафири Кореяи Ҷанубӣ Йом Ки Ёнг ва намояндагони фарҳангии сафоратхонаҳои дигар кишварҳо дар Тоҷикистон ширкат карданд.