Арзи тасаллият ба даргузашти собиқадори китобдорӣ Зуҳро Содиқова
Нашр шуд 2016-12-15 15:13
14-уми декабри соли 2016 қалби пуртапиши яке аз собиқадорони соҳаи китобдорӣ, собиқ сардори шуъбаи библиографияи миллӣ Содиқова Зуҳро Ҷамоловна аз тапиш бозмонд.
Зуҳро Ҷамоловна нав аз баҳори 65-уми ҳаёт гул мечид, вале доси аҷал ниҳоли умрашро бармаҳал барканд ва имрӯз ин собиқадори китобдориву китобшиносӣ дигар дар миёни мо нест.
Зуҳро Содиқова дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил карда буд. Аз соли 1977 то 2010 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобдор ва мудири шуъба буд.
Муаллиф ва мураттиби чандин нишондиҳандаҳои билиографӣ аз қабили «Табиат дар ҳимояи инсон» (дар ду қисм), «Соли байналмилалии ҷавонон», «Нашъамандӣ – душмани ҷомеаи солим», «Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов» ва ғайраҳо мебошад.
Дар нашри ҳашт қисмати «Тақвими ҷашн ва санаҳои Тоҷикистон» (солҳои 1993-2000) фаъолона иштирок намудааст. Аз мураттибони дастури иттолоотии «Адабиёти нав оид ба илмҳои педагогӣ ва маорифи халқ» буд.
Заҳамоташ дар рушди китобдории кишвар бо унвони «Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ» қадр шудааст.
Раёсати Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳайати кормандони Китобхона аз марги муаллимаи ғамхору мураббии даҳҳо мутахассисони риштаи китобдорӣ ва инсони накӯном Содиқова Зуҳро Ҷамоловна андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Ёдатон ба хайр, муаллимаи азиз!