Мо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Дар бораи қаҳрамонони худ чиро бояд донем?
Бештар аз 70 сол аз пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ шуд. Тӯли ин 70 сол дар сар то сари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ шояд садҳо ҳазор китоб, повесту роману ҳикояву қисса, миллионҳо мисраъ шеър, садҳо достон навишта шуданд. Вале ҳамоно ин мавзуъ ҷиҳатҳое дорад, ки бояд боз ҳам бинвисанд.
Мо ҳар сол аз аввали моҳи май ба таҷлили ин снаи бузург омодагӣ мегирем ва боз ҳам менависему менависем.
Корномаи падарон дар солҳои мудҳиш мисли дарё тамомшуданӣ нест. Ҳар боре менависем, боз мебинем, ки ҳоло ҳам чизе нанавиштаем.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз идома доштааст ва аз рӯи миқёсу андоза бузургтарин воқеаи фоҷиабори асри 20 ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок карданд, амалиётҳои ҷангии ин воқеаи ҳузнангез ҳудуди зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд.
Дар рафти амалиётҳои ҷангии ин солҳои пурошўб зиёда аз 110 млн. шаҳрвандон сафарбар карда шудаанд, ки беш аз 60%-ашон барои ҳаёти осоишта ва дурахшони наслҳои оянда ҷон нисор кардаанд. Беҳтарин фарзандони Тоҷикистон ба ҳимояти Ватан рафтанд, онҳо паҳлў ба паҳлўи русҳо, украинҳо, белорусҳо, ўзбекҳо, қазоқҳо, гурҷиҳо, арманиҳо ва дигар халқҳои шўравӣ истода, зидди аду далерона ҷангиданд. На танҳо ҳудуди шўравӣ, балки давлатҳои Аврупоро аз истилои фашизм озод намуданд.
Аз он ҷанги хонумонсӯз ҳудудан 90 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон барнагаштанд, ҷоми шаҳодат нӯшиданд ва дар хоки бегона манзили охират ёфтанд. Теъдоди касоне, ки корномаҳои онҳо ва далериву шуҷоаташон бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуд, беҳисобанд. Танҳо ин ки 61 нафар зодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ баргаштанд.
Дастуре, ки ҳоло мехоҳем шуморо ба мутолиаи он даъват кунем, аз ҳаёти ҳамин қаҳрамонон аст. Шумо шояд аз мутолиа чизҳоеро пайдо мекунед, ки пештар намедонистед.
Пас, руҷуъ кунед ба рисолаи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ”, ки онро барои шумо кормандони Китобхонаи миллӣ Фарҳод Қараев ва Фирдавс Аминов зери назари олими шинохта Шариф Комилзода омода намудаанд.
Дарёфти Китоб: Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ