Ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар хизматрасонии библиографӣ
Равандҳои хизматрасонии библиографӣ ба истифодабарандагон дар собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо самтҳои афзалияти худ ба шакли анъанавӣ амалӣ мегардид. Баъди ба фаъолият шурўъ намудани Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (аз 20 марти 2012) ин шакли фаъолият самтҳои худро васеъ намуд. Акнун дар раванди фаъолияти хизматрасони маълумотдиҳии библиографӣ самтҳои анъанавӣ қадамҳои аввалини худро ба шакли инноватсионӣ (электронӣ) гузошт.
Қобили қайд аст, ки хизматрасонии библиографӣ бо шаклҳои анъанавӣ дар фаъолияти китобхона барои чандин солҳо боқӣ мемонад. Зеро, ки дар рафти пурра инкишофи инноватсиониии фаъолияти хизматрасонии маълумотдиҳӣ – библиографӣ он ҳамчун манбаи захираи эҳтиётӣ боқӣ хоҳад монд. Рушди фаъолияти инноватсионии фаъолияти хизматрасонии библиографи дар китобхона имкон медиҳад, ки гурўҳи васеъи хонандагон дастрасӣ ба маълумот дошта бошанд. Яъне, новобаста аз минтақаи ҷойгиршавӣ хонанда тавассути шабакаи байналмилали интернет вориди сомонаи Китобхона ё пустаи электронӣ гардида, маълумоти заруриро дастрас мекунад.
Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд. Табиист, ки Китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамояд. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои Китобхона ногузир аст. Алалхусус, баробари шаклҳои анъанавӣ хизматрасонии маълумотдиҳии библиографӣ арзи вуҷуд кардани равандҳои инноватсионӣ тағйироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир - алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва ғайра баробари иқтисоду иҷтимоъ маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд.
Дар шароити рушди босуръати ҷомеъаи муосир иттилоот баробари захираҳои моддию энержӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Ҷараёни иттилоотӣ ба омили бунёдии мавҷудияти инсоният бадал мешавад. Он Китобхонаҳое, ки воситаҳои муосири коммуникатсионӣ доранд, бо шабакаҳои интернетӣ васл ҳастанд, технологияи иттилоотӣ ва системаҳои идораи захоири иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба комёбиҳои баланд ноил мегарданд.
Ташаккули ҷомеъаи муосир бе истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овардани захоири иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва паҳнкунии иттилоотӣ гуногун (матн, сиёҳқаламӣ, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.
Технологияи муосири иттилоотӣ имкон медиҳад, ки андўхти иттилооти инсоният дар миқёси васеъ ба шакли электронӣ гузаронда, шакли нави захоири иттилоотӣ арзи вуҷуд кунад. Ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар хизматрасонии маълумотдиҳӣ библиографӣ ин ташкили дастёбӣ ба сарчашмаҳои иттилоот дар шакли электронӣ яке аз вазифаҳои муҳими хизматрасонии иттилоотӣ мегардад. Дар рафти бунёд ва ташаккулёби равандҳои инноватсионӣ дар хизматрасонии маълумотдиҳӣ библиографӣ дараҷаи нави истеҳсол, ҳифз, ташкил ва вусъати иттилооти гуногунро таъмин месозад.
Ба тамоилҳои асосии фаъолияти библиографии китобхонаҳо инҳо дохил мешаванд:
- ташкил ва амали дастгоҳи маълумотдиҳию библиографии (ДМБ) китобхона;
- танзими дастурҳои библиографии таъину мақсади хонандаҳояшон мухталиф;
- иттилоотрасонии библиографӣ;
- хадамоти маълумотдиҳиву библиографӣ;
- хадамоти тавсиявию библиографӣ;
- салоҳдид ва корҳои услубӣ;
- тарғиби донишҳои библиографӣ;
- корҳои илмию тадқиқотӣ.
Усулҳои зерин асоси созмондиҳии фаъолияти библиографӣ кор дар китобхона шуда метавонанд:
- ҳадафи нишонгирии ҳалли вазоифе, ки дар шароити имрўза барои китобхонаҳо афзалият доранд;
- таносуби оқилонаи марказонӣ дар созмондиҳии хадамоти библиографии китобхонаҳо;
- дастрас будани хадамоти библиографӣ барои ҳамаи гурўҳҳои муроҷеин, ки аз хизмати китобхонаҳо истифода мебаранд;
Созмондиҳии муносиби фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо ташкили корҳои зеринро дар назар дорад:
- аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани нақшагирии тамоми самтҳои он;
- байни қисматҳои библиографӣ китобхона оқилона тақсим намудани маъмурият;
- ҷо ба ҷогузории дурусти коршиносон дар дохили қисматҳои китобхона;
- ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории кори библиографӣ бо китобхонаҳо ва дигар муассисаҳо;
- тибқи ташкили илми меҳнат, технология ва услубҳои нави замонавӣ, таҷрибаи пешқадами кор;
- истифодаи меъёрҳои боварибахш дар раванди библиографӣ;
- истифодаи васоити механикӣ ва автоматӣ;
- тавсеаи дарҷаи ихтисоси кормандоне, ки фаъолияти библиографӣ доранд.