Ганҷинаи илму маърифат
Нашр шуд 2016-12-09 20:34
Китобу китобхона хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз менамоянд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки зарофату нафосати сухани ин ганҷина бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем.
Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд. Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат карда метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад.
Китобхонаи миллӣ хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки кас дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ аз он берун баромада наметавонад. Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе мебошад, ки одамон барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънӣ мераванд.
Китобхона ба мисли бўстонсароест, ки хонанда дар он дохил гардида, аз гузаштаи дури таърих то имрўз саёҳат менамояд, аз гулу меваҳои пухтарасидаи маънӣ шаҳдком мешавад, ҳаловат ва нашъат мегирад. Дар Китобхонаи миллӣ бо он касоне ҳам, ки дар сўҳбаташон нишастанро орзу менамоед, дарёфта, аз хазинаи суханҳои пуртаровату гуногунсоҳаашон лаззат мебаред.
Китобхонаи миллӣ шуморо ба манзили умеду мақсад мерасонад, як сабаби ҷиддии хушбахту саодатманд гардидани қариб одамон ҳамин китобу китобхонаҳои олам, ганҷинаҳои пурсарвати эҷодкардаи одамизод мебошанд. Кас ҳар гоҳ, ки ба ин коҳи маънӣ по мегузорад, фикрҳои нопухтаю норасидаи худро, ки дар атрофи майнаи сар парвоз менамоянд, ба даст гирифта, аз пайи парваришу тарбия карданашон мешавад.
Қасри китоб аз қаъри баҳру уқёнусҳо ба дасти ғаввосҳои моҳир дурдонаҳо ҳадя мерезад. Он вуҷуди инсонҳоро пок гардонида, ҳавас ба олами маънавӣ афзун менамояд. Яъне, китобхона ҷойе ҳаст, ки мо ба он аз баҳри зиёрати китобҳои нодир рафта, шўълавар мешавем, пас бо шуоъҳои маънӣ олами хуфтаро бедору дурахшон гардонида метавонем.
Пешрафти инсоният аз китобу китобхонаҳост, ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами сайёраи замин мебошад. Китобхонаҳои олам алҳол муқаддастарин сарманзилҳои маърифатанд, мо дар онҳо ворид гардида, нури илоҳӣ афрўхта, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро пурнур мегардонем.
Ҷамил Валиев,
Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ