Муруре ба таърих. Замоне, ки Китобхонаи миллӣ ин гуна бинои боҳашамат ва имконоти намоиши китоб надошт...

Оре, то соли 2012, ки ин бинои боҳашамат бо ҳама имконоти васеъ, толорҳои барҳаво, муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ мавҷуд набуд, гардишгарон ва меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дидан мекарданд ва дар анҷоми сайр дар толорҳои китобхона ва диду боздидашон таассуроти худро дар Дафтари хотираҳо менавиштанд. Бахше аз он нигоштаҳо соли 2004 дар китобе бо номи “Ганҷинаи фарҳанг”, ки ба 70-солагии таъсиси Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ бахшида шуда буд, гирдоварӣ шудаанд. Ҳамкорамон кӯшиш кардааст бахше аз онро таҳия кунад. Яъне, аз қадим санъати китобдории мо, тоҷикон сутуданӣ буду ҳаст.

****    ****    ****

Дар Душанбе ба ман муяссар гардид, ки дар ин китобхонаи бузург ганҷинаи бебаҳои донишро бинам. Вай номи шоири барҷастаи Шарқ – Фирдавсиро дорад. Ташкил карда шудани ин макони илму маърифат ёдгории сазовор ба нависандаи маҳбуби халқ аст. Камина дасхатҳои қадима ва китобҳои тарҷимашудаи классикони адабиёти Банғола ва Ҳинду – Робиндранат Такур ва Прем Чандрро аз наздик дидам. Ҳамин тавр, ин ҷои азизу мўҳташам касро бо адабиёти ватанию хориҷа шинос мекунад ва робитаи фарҳангиро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд…

Раҷендра Прасад, Президенти   

Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Мушоҳидаи ин Китобхона, ки барои завқмандони илму дониш захоири гаронбаҳо дорад, ба масаррати ман афзуд. Махсусан, ки мушоҳидаи нусухи ноёби қаламии он, куи тафаввуқи фарҳанги бостонии Осиёст, дидаи дўстдорони адаб ва фарҳангро равшан месозад. Ва хушвақтам, ки ин нусухи ноёбро зиёрат кардам.

Муҳаммад Ҳошими Майванол, 

Садри Аъзами Ҷумҳурии           

Афғонистон.

 …Умед аст, ки ин Китобхона ҳамонгуна, ки шоистаи номи бузурги Фирдавсӣ аст, бузургтарин Китобхона ва маҷмўаи осори адабӣ ва ҳунарӣ ва илми Тоҷикистон гардад ва дар рушду нумўъ ва роҳбарии ҷавонон дар оянда нақши муассире дошта бошад.

Маҷиди Яктоӣ, муовини Раиси

Китобхонаи Паҳлавӣ /Эрон/.

Дар ин  Китобхона  китобу дастнависҳои пурқимат нигаҳдорӣ мешаванд. Ман бо осори хаттии Мирзо Абдулқодири Бедил, «Девон»-и Исмоили Кашмирӣ ва «Тафсири Қуръони Маҷид», ки ба забони тоҷикии форсӣ навишта шудаанд, аз наздик шинос шудам. Таваҷҷўҳи маро бештар он ба худ ҷалб кард, ки «Тафсири Қуръони Шариф» дар Кашмир тартиб дода шуда будааст.

Каши Натхи Пандито, доктори

илм, мудири Маркази илмии

Донишгоҳи Кашмири Ҳиндустон

оид ба омўзиши Осиёи Марказӣ.

Китобхонаи Фирдавсӣ, дар ҳақиқат, Китобхонаи таърихӣ аст. Хусусан, таълимоти илмии қадимии дар ин ҷо буда, ки барои истифода дар ихтиёри насли наврас гузошта шудааст, лоиқи ифтихор мебошад.

Ҳайати вакилони Созмони

ҷавонони Марокаш.

Мо, гурўҳи саёҳон аз Берлини Ғарбӣ баробари тамошо кардани шўъбаи дастхатҳои шарқи ин Китобхонаи бошукўҳ ба сатҳи дониши худ дар бораи фарҳанг, илм ва таърихи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, дар бораи боигарӣ ва қимати ин халқ дониши нав ба нав зам кардем.

Рейнер Шлихтеан, Бришта

Шолс ва Мария Мадлен, аз

шаҳри Франкфурти Ҷумҳурии Олмон.

Мушоҳидаи намунаҳои барҷастае аз осори гаронбаҳои гирд овардашуда дар Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ, ки танҳо мазоҳири бузурге аз падидаҳои  гаронқадри навобиғи фикрӣ ва ҳунарии башар аст, балки намояндаи алоиқи бузурги дўстони тоҷики ман дар гирдоварӣ ва муҳофизати он низ ба шумор меравад, эҳсоси маро ба эҳтироми бештар ба ин арзишҳои бузурги маънавии башарият барангехт. Ман вуҷуди ин меросҳои бузургро дар ин Китобхона бисёр табиӣ ва ба ҷо медонам ва ҳамчунин, аз ҳусни интизом ва нигаҳбонии ин осори арзишманд ба василаи  кормандони Китобхона қалбан мутаҳассин ҳастам ва ба эшон табрик мегўям.

Бориқ Шофеӣ, Вазири

иттилоот ва култури

Ҷумҳурии Афғонистон.

Одамӣ мутаҳайир мешавад, ки дар ин гўшаи дунё чи захираи азиме аз фарҳанги ҷаҳонӣ гирдоварӣ шудааст. Дар забони итолиёвӣ зарбулмасале ҳаст, ки «Навиштаҳо мемонад, аммо гуфтаҳо боди ҳаво мешаванд». Мехоҳам бигўям, ки агар осори навиштае набошад, ҳуввият ҳам вуҷуд надорад. Пас, ҳар чи дар ин робита талош кунем, боландагии бештареро дар ҳуввияти худ хоҳем дид. Ман, шахсан Китобхонаи шахсӣ дорам бо 8000 ҷилд китоб, шубҳае нест, ҳис мекунам, ки китоб чист ва китобхона чист?

Бинобар ин, талоши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик мегўям. Барои ин Китобхона умедворам дар сафари оянда, ки омадам боландагии бештареро дар вуҷуди мудири Китобхонаи Фирдавсӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бубинам.

Ҷамшеди Садоқат, аз Киш

Ин Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хидмати фарҳанги халқ аст. Хушнудии моро он чиз меафзояд, ки мо дар бораи таърихи пуршукўҳи  ин халқи ба мо бародар дониши зиёд ёфтем. Моро бо ин халқ алоқаи таърихӣ ва иштирок дар фарҳанги  муштарак мепайвандад. Фардавсӣ ва Ибни Сино намуна ва рамзи ин таърихи пуршукўҳанд. Поянда бод, алоқаҳои байни халқҳои давлати Алҷазоир ва халқи бузурги тоҷик.

Муҳаммад Сайидӣ,

ал-Хоҷи Сиёмӣ ва дигарон.

 Дар ҳақиқат, чунин саёҳати  дуру дароз аз уқёнуси Атлантик то ба ин ҷо омадан меарзад. Туфайли ин сафар аз хурсандӣ дар назди дастнависҳои  қадимаи Фирдавсӣ ва Умари Хайём дар ҳаяҷон мондем.

Ҷаноби Вагра, профессори

соҳаи таърих ва ҷуғрофияи

Донишгоҳи шаҳри Тураи 

Фаронса. – соли 1970.25

август.

Аз тамошои китобҳои  гузаштагони  Шумо бо таваҷўҳи  бузург сари таъзим фурўд оварда, ба он инсонҳои ин сарзамин изҳори ташакурӣ мегўем, ки тавонистаанд то ин қуллаи баланд баромада, чунин осори  қиматбаҳои  ҷолибро эҷод намоянд.

 Мандрик Еиджен, сардаюири

маҷаллаи руминии «Блакара».

– соли 1970. – 17 март.

Бори нахуст дар ҳаёти худ китобҳои  қадимаро дидам, ки оиди онҳо дар тамоми ҷаҳон сухан меронанд. Муташаккирам, барои он ки тавонистам аз ин ҷо зиёрат кунам. Ман тамоми умр ин зиёратгоҳро фаромўш нахоҳам кард.

Блаве Комбва, сайёҳ аз

Финландия. – соли 1976. – 4 март.

Ман намедонистам, ки метавонам бо чашмони сари худ дастнависҳои  шуарои  гузаштаро бубинам. Ин ҳодиса бароям воқеаи тасодуфист. Ва ман намедонам барои  ин армуони дилписанд шуморо чӣ тавр табрик намоям. Ганҷинаи дасхатҳои Китобҳонаи шумо – дурдонаву ганҷинаи бебаҳоянд. Ташаккури зиёд, бароятон!

 Луис Маре, сайёҳ аз Куба. –

 соли 1979. – 16 июн.

Бо фарҳанги бой ва қадимаи халқи тоҷик аз наздик шинос шудам. Ин миллат, дар ҳақиқат, ба таърихи худ ва эҷодкоронааш фахр карда метавонад. Фарҳанги ин миллат, бевосита, бо фарҳанги ҷаҳонӣ алоқаи зич ва мустаҳкам дорад. Аз номи Ҳизби Коммунист ва шахсан худам ин мардуми боистеъдодро табрик мегўям, кадоме ки ба равнақёбии илму фарҳанги ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Ван Сзин, роҳбари ҳайати

вакилони Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам.

 – соли 1977. – 21 март.

Ман аз сарвати гаронбаҳои мардуми тоҷик бисёр ҳам дар тааҷуб мондам ва самимияти худро ҷиҳати он изҳор менамоям, ки бароям онро пешниҳод намуданд. Танҳо дар ин ҷо оиди шўҳрати умумиҷаҳонӣ доштани адабиёти  тоҷик донистам ва фаҳмидам.

Эмил Репчук, профессори

Донишгоҳи шаҳри Бухарести

Руминия. – соли 1967. – 20 июл.

Тавре ишора рафт, ин изҳори назарҳо аз солҳои пешанд, солҳое, ки Китобхонаи миллӣ ҳоло соҳиби чунин як бинои зебову болобаланде набуд ва толорҳои замонавиву итмкониятҳои васеътари намоиши китобҳоро надошт.

Аммо гардишгарону меҳмонони Китобхонаи миллӣ дар китоби хотироти он навиштаҳои дигаре ҳам доранд, ки сари фурсат иқтибосоте аз онҳо низ хоҳем овард.

Таҳияи Н. Кадамшоева,

мутахассиси пешбари шуъбаи

хизматрасонии библиографӣ.