Activities calendar

21 декабря 2016

Назари донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб дар бораи шаби ЯЛДО

Ялдо чунон ки ағлаби фарҳангҳо овардаанд, маъхуз аз сурёнӣ ба маънии мелоди арабист ва чун шаби ялдоро бо мелоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ ба ин ном хонда шудааст. Чун эрониён ин шабро шаби таваллуди Митро (Меҳр) медонистаанд, онро бо талаффузи сурёнияш пазируфтанд ва дар воқеъ ялдо бо нуили урупоӣ, ки дар 25-и дасомбар тасбит шуда, муодил аст. Бинобар ин, нуили урупоӣ ҳамон шаби ялдо ё шаби чиллаи эронист.

Боздиди ду сафир аз Китобхона

Субҳи имрўз, 21 - уми декабр Сафири навтаъини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Абдулазиз Муҳаммад ал - Бодӣ аз  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва бо профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ мулоқот кард.
Абдулазиз Муҳаммад ал- Бодӣ ва Сайфиддин Назарзода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Арабистон изҳори назар намуданд ва хостори гуcтариши ин ҳамкориҳои барои соли

Сайфиддин Назарзода : «Дар Паёми пешвои миллат таъкиди асосӣ масъалаи забономўзӣ буд”

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки «бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо,

Дуввумин рӯзи намоиши аксҳои ҷопонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дуввумин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои аккосони Ҷопон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: аксҳои ҷопонӣ аз солҳои 1970 то имрӯз» идома дорад.
Ин намоиш дирӯз бо ҳузури ҷамъе аз донишмандон, рассомон, дипломатҳо ва хонандагон дар ошёнаи нуҳуми Китобхона ифтитоҳ шуд.
Расмҳо пораҳое аз таърихи як кишвари

Хонандагони фаъоли Китобхона ба Шуъбаи хизматрасонии махсус 35 китоби чопи брайлӣ тақдим карданд

Бойгонии Шуъбаи хизматрасонии махсус бо 35 адад китоби чопшуда бо ҳуруфи брайлӣ ғанӣ шуд.
11 номгӯй китоб ба теъдоди 35 адад аз ҷониби хонандагони фаъоли Китобхона тақдим шуд. Инҳо китобҳое мебошанд, ки соҳибонашон борҳо хондаанд ва ҳоло хостанд онро ба дигарон низ пешкаш кунанд.
Чунончӣ, Фаррух Имомов, донишҷўи бахши 3-юми Донишгоҳи омўзгории пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ, маъюби гуруҳи 1-ум  9 адад китоби Қуръони Карим ва 7 китоби дарсиро бо ҳуруфи брайлӣ тақдим кард.