Сайфиддин Назарзода : «Дар Паёми пешвои миллат таъкиди асосӣ масъалаи забономўзӣ буд”

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки «бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ахиран бо хабаргузории “Ховар” суҳбат мекард, иброз дошт, ки
бахши бештари маблағҳои Буҷаи  ҷумҳурӣ, ки хусусияти иҷтимоӣ дорад, ба рушди  соҳаи маориф сарф мешавад.

Идомаи матлаб: khovar.tj

Барчаспҳо: