Саҳобӣ: Шоире, ки шеъраш мазамматкунандаи ихтилофи мазҳабист

Чанд сол аст, ки доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоири ширинсухан ва маънигарои  адабиёти классикии форсу тоҷик Саҳобии Астарободӣ пажуҳиш менамоям. Дар воқеъ дарёфтам, ки шеъри Саҳобӣ вижагиҳои ба худ хос дошта, метавонад ба хонандаи имрўз ҳисси худшиносӣ, ватану ватандорӣ дур будан аз ихтилифоти динию мазҳабӣ ва панду ахлоқро ҳадя намояд.
Ҳонандаи арҷманд ва адабпарвар! Қабл аз он ки ба зикри чанд рубоии шоир бипардозем, айни муддаост, ки чанд сухан доир ба худи Саҳобии Астарорбодӣ гуфта бошем.
Абўсаид Камолиддини Наҷафии Астарободӣ, мутахаллис ба Саҳобӣ шоир ва орифи форсу тоҷик буда, дар садаи Х ва ХI ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар ба охири асри XVI ва аввали  асри XVII, дар замони салтанати шоҳ Аббоси Сафавӣ, зиндагӣ кардааст.
Саҳобӣ дар жанрҳои ғазал, рубоӣ ва маснавӣ қувваозмоӣ намуда, рисолаи ирфонии назмиву насрие низ бо номи «Урват-ул-вусқо» таълиф намудааст. Аммо дар таърихи адабиёти форсу тоҷик номашро ҳамчун рубоисарои машҳур сабт кардааст. То замони мо рубоиёт, ғазалиёт ва маснавиҳои зиёде аз ў омада расидаанд. Ашъори шоир ишқи поку беолоиш, некиву накўкорӣ, дўстдоштани Ватан, дар роҳи ҳақ ва ҳақиқат зиндагӣ карданро тараннум мекунанд.
Шеъри Саҳобӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, бархўрди тамаддунҳо ва ихтилофоти мазҳабию динӣ мақоми хос пайдо карда, мардумро ба ҳамгароӣ, ваҳдату якдилӣ фаро мехонанд. Хусусан даъво ва рафтори гурўҳҳои тундгароро, ки зери шиори дину мазҳаб даст ба қатлу куштор мезананд, аммо дар асл каззоб ва душмани дину мардуми мусулмонанд, ифшо менамояд.

Хусусан, дар рубоии зерин ихтилофоти мазҳабиро мазаммат ва маҳкум намуда, мегўяд:

Ҳалқанд ба ҳам бар сари  кибру кинҳо,
Лофи динҳову даъвии ойинҳо.
Ҳақ мегўяд ба гўши холисдинон,
Мақсад чу манам, чӣ ихтилоф аст инҳо?  

Чунин ба назар мерасад, ки рубоии мазкур айнан барои ҷомеаи имрўза гуфта шуда бошад, зеро дар ҷомеаи имрўза рўз то рўз ихтилофоти мазҳабӣ шиддат мегиранд, то андозае, ки ин ихтилофот боиси ҳалокат ва беватан гардидани ҳазорон нафар мегардаанд.
Аз диди Саҳобӣ далели фирқагароӣ ва ҷангу низое, ки дар  ин дунё вуҷуд дорад, бетаваҷҷуҳӣ ба манбаи лоязолӣ ва дур  будан аз қонуни ҳақ ва ҳақиқат аст. Ин аст, ки инсонҳо ба фирқаҳо  ҷудо шуда, дину оинро сабаби ихтилофот медонанд, дар ҳоле, ки  ҳамаи инҳо аз як манбаанд. Воқеан Саҳобӣ айнан амалҳои даҳшатнокеро, ки имрўз аз дасти гурўҳҳои ифротгаро содир мегардад, ба таври мухталиф дар рубоиёташ маҳкум менамояд. Аз ҷумла, дар рубоии зерин:

Дар меҳри Аҳад сўхт ҳама кинҳоро,
Он к-ў донист муддао динҳоро.
Ҳар фирқа ба ҳам бар сари дунё дар ҷанг,
Оварда баҳона дину оинҳоро.

Дар сарчашмаҳои ирфонӣ фаровон ба мавзўи фирқагароӣ пардохта шудааст ва орифону сўфиён яке аз мушкилоти диниву дунёиро фирқагароӣ ва таассуботи кўр-кўрона донистаанд. Саҳобӣ низ зиддӣ фирқагароӣ ва таассуби динӣ аст. Ў аз оятҳои Қуръонӣ далелҳо пеш оварда, таассуботи диниро мазаммат мекунад. Шоир тибқи фармудаи Қуръони карим «Ваътасиму би ҳаблил-лоҳи ҷамиъан ва ло тафаррақу» (яъне ба ресмони худовандӣ чанг бизанед ва пароканда нашавед) роҳи ҳалли онро дар парҳез аз тафриқа ва таваҷҷуҳ ба асл ва руҷўъ ба асоси динҳо ва оинҳо медонад, ки дар воқеъ аз як маншаъ ибтидо мегиранд.

Рубоии зерин бозгўкунандаи гуфтаҳои боло мебошад:

Аз як қалам аст дил ба ў муъталифат,
Гар дол дар ин сафҳа бувад в-ар алифат.
Тавҳид гузину муттафиқ шав ба ҳама,
То раҳ назананд мазоҳиби мухталифат.

Назари Саҳобӣ нисбат ба парастиши Худо башардўстона ва некбинона аст. Ў ба он ақида аст, ки парастиши Худо ҳаргунае, ки бошад бояд боиси тафриқаю фитна нагардад, зеро инсонҳо ҳар гунае Худоро парастиш кунанд, аммо дар назар ва зеҳни онҳо танҳо як Худо аст ва мақсади ҳар як инсон ҳам аз раҳмати офаридгор дар ҷаннат шарафёб гардидан аст. 

Бо зот ба ҳар сифат гароянд, хуш аст.
Нағма ба ҳар оҳанг сароянд, хуш аст.
Аз баҳри Худо ҳеҷ амал зоеъ нест,
Дар хулд зи ҳар дар, ки дароянд, хуш аст.

Дар рубоии зерин бошад ҳамин маъниро таъкидан ба офаридгор мегўяд:

Васли ту ба ҳар сифат, ки ҷўянд, хуш аст.
Роҳи ту ба ҳар қадам, ки пўянд, хуш аст.
Рўйи ту ба ҳар чашм, ки бинанд, накўст,
Номи ту ба ҳар забон, ки гўянд, хуш аст.

Ашъори Саҳобӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсониро дар бар гирифта, дар як суҳбат наметавон доир ба ҳамаи ҷанбаҳои ашъори ў ҳарф зад. Вале аз мисолҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки ашъори Саҳобӣ асрҳо қабл суруда шуда бошанд ҳам, аммо  имрўз низ онҳо аҳамияти маънавӣ-эстетикии худро гум накардаанд, зеро инсонҳоро пайи некию накўкорӣ, ваҳдату худшиносӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳама гуна ихтилофоту таассуботи динию мазҳабӣ ҳидоят мекунанд.
Фелан мо дар баробари пажуҳиш дар ҳаёту фаъолият ва ашъору афкори Саҳобии Астарободӣ, инчунин ба баргардон ва нашри ашъори ў оғоз намудем. Дар оянда кўшиш ба харҷ медиҳем то паҳлўҳои норавшани ҳаёт ва эҷодиёти Саҳобиро равшантар намоем ва шеъри ўро дастраси мардуми адабпарвари тоҷик гардонем.

 

 

 



Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
Сардори Шуъбаи нигоҳдории
депозитарӣ КМТ