Маҳфили навбатии “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз бо иштирок ҳунармандони гуруҳи “Ғарибшо Компания” Бахтиёр Раҳимов, Ҳасани Чилла ва ҳаҷвнигор Сиёвуш баргузор шуд.
Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух гуфтанд.
14-уми декабри соли 2016 қалби пуртапиши яке аз собиқадорони соҳаи китобдорӣ, собиқ сардори шуъбаи библиографияи миллӣ Содиқова Зуҳро Ҷамоловна аз тапиш бозмонд.
Зуҳро Ҷамоловна нав аз баҳори 65-уми ҳаёт гул мечид, вале доси аҷал ниҳоли умрашро бармаҳал барканд ва имрӯз ин собиқадори китобдориву китобшиносӣ дигар дар миёни мо нест.
Зуҳро Содиқова дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил карда
Ба рўҳу арвоҳи падару модари рафиқ ва ҳамкорам М. мебахшам.
Баҳор буд. Лолаву бунафша, сабзаву дашт ва гандуми деҳқон дар ҳақи борон зор буд. Сабзаи дашту кӯҳсор, ки ҳамеша бо зебогии худ заминро ҷомаи сабз мепушонд, аз ташнагӣ зард мешуд. Мардум чун суннати қадима ба хайру садақаҳо камари ҳиммат баста, дасти дуо доштанд, то борон нозил шавад. Торикии шаб тамоми шаҳрро фаро гирифт. Аз як тарафи осмон ситораҳо монанди
Зарфи як моҳи охир теъдоди воридшавандагон ба толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ ба 1086 нафар расидааст.
Бахши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобҳои ҷолибу бозиҳои шавқовари худ таваҷҷуҳи атфолро бештар ба худ мекашад ва ин боис гаштааст, ки сафи хонандагонаш низ ҳамвора афзояд.