Маҳфили «Хандарез» бо ширкати «Ғарибшо Компания»

Маҳфили навбатии “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз бо иштирок ҳунармандони гуруҳи “Ғарибшо Компания” Бахтиёр Раҳимов, Ҳасани Чилла ва ҳаҷвнигор Сиёвуш баргузор шуд.  
Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух гуфтанд. Нахустин суоле, ки ба меҳмони маҳфил Бахтиёр Раҳимов аз ҷониби як нафар аъзои фаъоли шуъба дода шуд, ин буд, ки чаро маҳз номи гурўҳатонро «Ғарибшо Компания»
гузоштед? Ва ҷавоб ҳам чунин буд:
- Чун мо гурўҳамонро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкил намудем ва он солҳо мардуми тоҷик гуреза гашта, дар ғарибиҳо умр ба сар мебурданд. Аз ҳамин хотир номи гурўҳро «Ғарибшо компания» гузоштем.
Бахтиёр Раҳимов ба чандин саволҳои ба ин монанд посухҳои рушан дод.
Метавон гуфт, ки маҳфил саропо ханда буд, ба ширкаткунандагон латифаҳои хеле ҷолиб гуфтанд. Бахусус, Сиёвуш бо чанд намоиши кутоҳ ва латифаҳои тозаву намакинаш табъи ширкаткунандагонро шод кард. 
Дар давоми маҳфил шеъру сурудхонӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус мувофиқи талаби иштирокчиён сурудҳои тозаэҷодашро замзама намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Хандарез» сеюмин маҳфил буда, дар назар аст, моҳе як маротиба бо иштироки ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар доир гардад.