Чанд рўзи охир, баъди анҷоми барномаи тарғиботӣ ва даъват ба китобу Китобхона, ки дар макотиби олӣ ва миёна роҳандозӣ шуда буд, ба назар мерасад сафи аъзоёни нави Китобхонаи милли рӯ ба афзоиш овард.
Аксҳое, ки ҳоло мебинед, танҳо як лаҳзаи хеле кутоҳи вуруди хонандаҳои нав ба ин боргоҳи маърифатанд.
Зарфи даҳ рӯзи охир теъдоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ аз марзи 870 нафар убур кард.
“Ошхонаи миллӣ” воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо хизматрасониҳои нав ба фаъолият пардохт. Акнун хонандагон ва аъзои китобхона метавонанд бо нархҳои дастрас таомҳои хушлаззат истеъмол фармоянд.
Зарфи ин чанд рӯзи охир дар ин ошхона ошпазҳои соҳибкасбу пуртаҷриба ба кор оғоз карданд. Ҳамзамон бо ин талош ба харҷ медиҳанд нархномаи таомҳояшон поинтар аз ошхонаҳои атроф ва муносибтар ба кисаи муштариёнашон бошад.
«Шуълаи инқилоб», нашрияи Кумитаи ҳизбии болшевикони вилояти Самарқанди кишвари Туркистон барои мардуми форсизабон буда, нахустшуморааш 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.
«Шуълаи инқилоб» ҳафтае як маротиба зери шиори: «Ранҷбарони тамоми ҷаҳон, муттаҳид!» дар ҳаҷми ҳашт саҳифаи миёна бо ҳуруфи форсӣ ба тариқи чопи сангӣ ба табъ мерасид. Нашри рўзномаи мазкур то 8 декабри соли 1921 давом