Зарфи даҳ рӯз беш аз 870 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шуданд (Суратгузориш)

Чанд рўзи охир, баъди анҷоми барномаи тарғиботӣ ва даъват ба китобу Китобхона, ки дар макотиби олӣ ва миёна роҳандозӣ шуда буд, ба назар мерасад сафи аъзоёни нави Китобхонаи милли рӯ ба афзоиш овард.
Аксҳое, ки ҳоло мебинед, танҳо як лаҳзаи хеле кутоҳи вуруди хонандаҳои нав ба ин боргоҳи маърифатанд.
Зарфи даҳ рӯзи охир теъдоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ аз марзи 870 нафар убур кард.

Хуш омадед!