Ин бор маҳфили “Дастони моҳир” ба атфол роҳу шеваҳои сохтани замбурӯғро омӯхт.
Замбурӯғ маъмулан аввали баҳор зиёд аст ва он зери тундару борони баҳорӣ нашъунамо мекунад.
Замбурӯғ барои инсонҳо як ғизои хеле хуштамъ ва болаззатест. Гумон намерафт, ки бачаҳо онро надонанд. Дар аввалин суол дар ин маврид посухҳои ҷолиб доданд. Маълум гардид, ки худи истилоҳи замбурӯғ барои онҳо бегона нест. Бачаҳо ҳатто нақл карданд, ки дар хона модаронашон чӣ таомҳои лазизе аз замбурӯғ омода мекунанд.
Муаллима низ дар ҳошияи ин суҳбатҳо дар бораи замбурӯғ ва хосиятҳои шифобахшии он нақл кард. Ҳамзамон таъкид ҳам намуд, ки на ҳамаи замбурӯғҳо ғизоӣ мебошанд. Дар миёни онҳо навъҳои зараровар ва заҳрогин низ зиёданд. Аз ин рӯ одамон бояд донанд, ки кадом навъи замбурӯғро метавон ҷамъ овард ва аз он ғизо тайёр намуд.
Он ки замбурӯғ аввали баҳор ва пас аз тундар мерӯяд, барои бачаҳо аҷиб буд. Онҳо азм карданд, ки баҳори оянда ҳатман баъди борону тундар ба саҳро ба ҷамъоварии замбурӯғ мераванд.
Дар охир аз тассуроити ҳосилкардаи худ дар бораи замбурӯғ онро аз коғазҳо сохтанд ва расмашро кашиданд.